Толибҳо ба Бадахшони Тоҷикистон омаданд: ҳадаф чист

© Представитель движения талибанРуководство Талибана во время совещания
Руководство Талибана во время совещания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2023
Обуна шудан
Ҳайти толибҳо таҳти роҳбарии сардори шӯъбаи маъмурӣ ва молияи ҳукумати феълии Афғонистон бори аввал ошкоро вориди Тоҷикистон шуданд
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Толибҳо аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздид намуданд, хабар медиҳад Sputnik Афғонистон бо истинод ба намояндаи Вазорати корҳои дохилии толибҳо Абдулқаҳор Балхӣ.
Тибқи итттилои манбаъ, ҳайати толибҳо таҳти роҳбарии сардори шуъбаи маъмурӣ ва молия, Муҳаммад Мусо Амирӣ ба шаҳри Хоруғи ВМКБ сафар анҷом доданд.
Манбаъ меафзояд, ҳадаф аз сафари толибҳо ба Бадахшони Тоҷикистон ин шинос шудан аз вазъи консулгарии Афғонистон, ки дар Хоруғ ҷойгир аст ва бар асари фаромадани тарма зарар дид.
“Толибҳо аз консулгарии Афғонистон дар Хоруғ, маркази ВМКБ дидан карда, бо кори он ошно шуданд ва зарурати тармими биноро арзёбӣ карданд”, - омадааст дар хабари манбаъ.
Қаблан, Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон аз барфкӯчҳои ахир дар шаҳри Хоруғ ва ҳамчунин қисман зарар дидани консулгарии кулли Афғонистон хабар дода, гуфт, дар ин ҳодиса ҳеҷ кас аз кормандони консулгарӣ осеб надиданд.
Посол Афганистана в Таджикистане Мухаммад Захир Агбар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2023
“Ҳеҷ кас набуд”: шарҳи сафири Афғонистон дар бораи барфкӯчи Хоруғ
Консулгарии кулли Афғонистон дар маҳаллаи УПД-и шаҳри Хоруғ, соҳили рости дарёи Ғунд ҷойгир буда, дар он ҳудуди 10 нафар кор мекунанд.
Нақибуллоҳ Деҳқонзода, генерал-консули Афғонистон дар шаҳри Хоруғ аст.
Лентаи хабарҳо
0