https://sputnik.tj/20230215/sharh-safiri-afghoniston-barfkuchi-khorugh-1054948624.html
“Ҳеҷ кас набуд”: шарҳи сафири Афғонистон дар бораи барфкӯчи Хоруғ
“Ҳеҷ кас набуд”: шарҳи сафири Афғонистон дар бораи барфкӯчи Хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи барфкӯчи ахир консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ низ тахриб шудааст
2023-02-15T19:25+0500
2023-02-15T19:25+0500
2023-02-15T19:41+0500
дар тоҷикистон
барф
тарма
хоруғ
сафорат
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/08/1042137481_0:20:2248:1284_1920x0_80_0_0_869abbe942390628e31c665ec6896c56.jpg
ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Аз барфкӯчҳои ахир дар шаҳри Хоруғ консулгарии кулли Афғонистон низ осеб дида, аммо талафоти ҷонӣ надоштааст, гуфт ба Sputnik Тоҷикистон сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, Зоҳир Ағбар.Консулгарии кулли Афғонистон дар маҳаллаи УПД-и шаҳри Хоруғ, соҳили рости дарёи Ғунд ҷойгир буда, дар он ҳудуди 10 нафар кор мекунанд. Нақибуллоҳ Деҳқонзода, генерал-консули Афғонистон дар шаҳри Хоруғ аст.Барфкӯчи ахир дар Хоруғ талафоти зиёди моливу ҷонӣ ба ҷой гузошт.Бино ба иттилоъи манобеъ аз Хоруғ, соати 9.45 замоне, ки барфкӯчи бузург иттифоқ афтод, кормандони консулгарии кул дар маҳалли кории худ қарор надоштанд.Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, бар асари лағзиши тарма дар қаламрави шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон 8 нафар, ба шумули як писару духтари чорсола ва чаҳор зан ба ҳалокат расида, то соати 14:00 дақиқаи рӯзи 15-уми феврали соли 2023 нуҳ сокини шаҳр наҷот дода шуданд.
https://sputnik.tj/20230215/halok-majruh-bedarak-sharhi-vkd-khorugh-1054942791.html
хоруғ
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/08/1042137481_32:0:2032:1500_1920x0_80_0_0_c89411ea73834beba2d73cb828555094.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, вмкб, тарма, барфкӯчӣ, тахриб, хоруғ
тоҷикистон, афғонистон, вмкб, тарма, барфкӯчӣ, тахриб, хоруғ
“Ҳеҷ кас набуд”: шарҳи сафири Афғонистон дар бораи барфкӯчи Хоруғ
19:25 15.02.2023 (Навсозишуда: 19:41 15.02.2023) Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи барфкӯчи ахир консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ низ тахриб шудааст
ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Аз барфкӯчҳои ахир дар шаҳри Хоруғ консулгарии кулли Афғонистон низ осеб дида, аммо талафоти ҷонӣ надоштааст, гуфт ба Sputnik Тоҷикистон сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, Зоҳир Ағбар.
Консулгарии кулли Афғонистон дар маҳаллаи УПД-и шаҳри Хоруғ, соҳили рости дарёи Ғунд ҷойгир буда, дар он ҳудуди 10 нафар кор мекунанд. Нақибуллоҳ Деҳқонзода, генерал-консули Афғонистон дар шаҳри Хоруғ аст.
Барфкӯчи ахир дар Хоруғ талафоти зиёди моливу ҷонӣ ба ҷой гузошт.
Бино ба иттилоъи манобеъ аз Хоруғ, соати 9.45 замоне, ки барфкӯчи бузург иттифоқ афтод, кормандони консулгарии кул дар маҳалли кории худ қарор надоштанд.
“Азбаски ҳаво сард буд, аз кормандон хоҳиш карда шуд, ки дар хонаҳои худ бимонанд. Аз шамоли тарма бомҳои биноҳои зиёде дар шаҳр низ паронда шудаанд, ки дар қатори онҳо боми консулгарӣ низ буд”, - гуфт манбаъ.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, бар асари лағзиши тарма дар қаламрави шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон 8 нафар, ба шумули як писару духтари чорсола ва чаҳор зан ба ҳалокат расида, то соати 14:00 дақиқаи рӯзи 15-уми феврали соли 2023 нуҳ сокини шаҳр наҷот дода шуданд.