МОИ Тоҷикистон фарқияти байни воридоту содиротро кам карданд

© Пресс служба президента РТФабрика "Фарм Сугд", архивное фото
Фабрика Фарм Сугд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.11.2022
Обуна шудан
Ҳаҷми воридот дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳамоно назар ба содирот 14 маротиба бештар буда, аммо дар ҳоли кам шудани тавозун қарор дорад
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2022 афзоиши содиротро нишон доданд, хабар медиҳад хабаргузории "Авеста" бо истинод ба ниҳодҳои марбута.
Ин бахши иқтисоди Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 869,4 ҳазор доллар содирот доштааст.
Дар мавриди воридот бошад, дар ин давра он ба маблағи беш аз 12,2 миллион долларро ташкил додааст. Ҳамин тавр, ин нишондиҳанда назар ба содирот қариб 14 баробар зиёд шуд.
Ин рақам аз ҳисоби харидани таҷҳизоти зарурӣ барои фаъолияти субъектҳои МОИ дохилшуда ташаккул ёфтааст.
Ҳамин тариқ, аз аввали сол субъектҳои МОИ "Суғд" ба маблағи беш аз 29,3 миллион доллар ва МОИ "Данғара" беш аз 4,5 миллион доллар маҳсулот истеҳсол кардаанд.
"Дар маҷмӯъ, гардиши субъектҳои МОИ-и ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ-сентябр беш аз 33,4 миллион долларро ташкил дод", - гуфт манбаъ.
Қобили зикр аст, ки дар оғози сол маълумот дар бораи воридот ва содироти коло мутаносибан 2,4 миллион ва 60 ҳазор долларро ташкил додааст. Назар ба харидааш 40 баробар кам истехсол карда шудааст.
Имзои санадҳои ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлони Тоҷикистон ва Палатаи савдои Кония - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.09.2022
Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Хатлон ва Палатаи савдои Қуния
Ҳамин тавр, дар давоми моҳҳои охир фарқи байни воридот ва содирот қариб се баробар кам шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ – Суғд, Данғара, Панҷ, Ишкошим ва Кӯлоб фаъолият мекунанд.
Дар ин минтақаҳо тақрибан 60 ширкатро ҷойгиранд, аммо дар айни замой на ҳамаи онҳо ба истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасонӣ машғуланд.
Лентаи хабарҳо
0