https://sputnik.tj/20230323/mujavviz-shirkate-doru-uzbekiston-kudak-kusht-bekor-1055710215.html
Ҳиндустон муҷаввизи ширкате, ки доруҳояш дар Узбекистон кӯдаконро кушт, бекор кард
Ҳиндустон муҷаввизи ширкате, ки доруҳояш дар Узбекистон кӯдаконро кушт, бекор кард
Sputnik Тоҷикистон
Тафтишоти муфассали фаъолияти ширкат идома дошта, шуморе аз кормандон боздошт шуда, алайҳи раҳбарони он парвандаи ҷиноӣ боз шудааст
2023-03-23T14:27+0500
2023-03-23T14:27+0500
2023-03-23T14:27+0500
узбекистон
ҳиндустон
муҷаввиз
ширкат
дорусозӣ
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102397/41/1023974148_0:84:3072:1812_1920x0_80_0_0_4bb3aba769c0db173fa82a7a4aeb0b6c.jpg
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Мақомоти Ҳинд муҷаввизи ширкати дорусозии Marion Biotech-ро, ки шарбати барои сулфа истеҳсолкардаи он боиси марги кӯдакон дар Узбекистон шуд, лағв карданд. Пресс Траст оф Индиа бо такя ба як мансабдори ҳукумат гуфтааст, Ба гуфтаи мақоми давлатӣ, феълан тафтишоти муфассали фаъолияти ин ширкати дорусозӣ идома дорад. Вай афзуда, ки дар авоили моҳи март пулис чанд корманди ширкати Marion Biotech-ро боздошт кард ва алайҳи ду директор парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Қаблан бар асоси натоиҷи озмоиш дар озмоишгоҳи давлатӣ тафтишот муайян карда буд, ки намунаҳои доруи Marion Biotech "тақаллубӣ" буда, ба меъёрҳои сифат ҷавобгӯ нестанд.Маврид ба зикр аст, ки маҳз ширкати мазкур доруи "Док-1 Макс"-ро тавлид кардааст, ки аз истифодаи он дар Ӯзбекистон 19 кӯдак фавтидаанд. Гуфта мешавад, ки дар кӯдакон пас аз истифодаи дору, норасоии шадиди кори гурда сабт шудааст.
https://sputnik.tj/20221230/tojikiston-furushi-doru-kudakkush-mamnu-1053936008.html
узбекистон
ҳиндустон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102397/41/1023974148_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_092897f42c3051179dd46a274f9f7d1a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳиндустон муҷаввиз ширкат дору узбекистон кӯдак кушт
ҳиндустон муҷаввиз ширкат дору узбекистон кӯдак кушт
Ҳиндустон муҷаввизи ширкате, ки доруҳояш дар Узбекистон кӯдаконро кушт, бекор кард
Тафтишоти муфассали фаъолияти ширкат идома дошта, шуморе аз кормандон боздошт шуда, алайҳи раҳбарони он парвандаи ҷиноӣ боз шудааст
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Мақомоти Ҳинд муҷаввизи ширкати дорусозии Marion Biotech-ро, ки шарбати барои сулфа истеҳсолкардаи он боиси марги кӯдакон дар Узбекистон шуд, лағв карданд.
Пресс Траст оф Индиа бо такя ба як мансабдори ҳукумат гуфтааст,
"Иҷозатномаи ширкатро Идораи назорати маводи мухаддири Уттар Прадеш лағв кардааст. Ширкат дигар қодир нест (шарбати сулфа) истеҳсол кунад",- хабар медиҳад Press Trust of India дар такя ба як намояндаи Ҳукумат.
Ба гуфтаи мақоми давлатӣ, феълан тафтишоти муфассали фаъолияти ин ширкати дорусозӣ идома дорад.
Вай афзуда, ки дар авоили моҳи март пулис чанд корманди ширкати Marion Biotech-ро боздошт кард ва алайҳи ду директор парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Қаблан бар асоси натоиҷи озмоиш дар озмоишгоҳи давлатӣ тафтишот муайян карда буд, ки намунаҳои доруи Marion Biotech "тақаллубӣ" буда, ба меъёрҳои сифат ҷавобгӯ нестанд.
Маврид ба зикр аст, ки маҳз ширкати мазкур доруи "Док-1 Макс"-ро тавлид кардааст, ки аз истифодаи он дар Ӯзбекистон 19 кӯдак фавтидаанд. Гуфта мешавад, ки дар кӯдакон пас аз истифодаи дору, норасоии шадиди кори гурда сабт шудааст.