Медведев Украинаро бахше аз Русия донист

© Sputnik / Екатерина Штукина / Гузариш ба медиабонкЗампред Совбеза РФ Д. Медведев
Зампред Совбеза РФ Д. Медведев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2023
Обуна шудан
Муовини шӯрои амнияти Русия гуфт, ки Украина бахше аз ин кишвар аст, аммо Русия ба далоили геополитикӣ ва торихӣ ба муддати тӯлонӣ бо ин воқеият канор монда буд
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Мо веқеъиятеро қабул кардем, ки ин кишварҳо "дар утоқҳои мухталиф" зиндагӣ мекунанд, гуфт Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия.
Ба гуфтаи вай, Украина ба таври умум бахше аз Русия аст ва бояд содиқона гуфт, ки ин кишвар бахше аз кишвари мост.
“Аммо ба далоили геополитикӣ ва ба далели таърихчаи Иттифоқот, ки рух дод мо ин воқеиятро таҳаммул кардем, ки дар утоқҳои мухталиф барои муддате зиндагӣ мекунем”, - гуфт ӯ.
Вай афзуд мо маҷбурем ин сарҳаддоти сохтагӣ бо сарзаминҳоро, ки ҳамеша ҷузъе аз императории Русия буданду ҳамаи онҳо ғайр аз бархе аз сарзаминҳо, ки дар натиҷаи ҷанги ҷаҳонии дувум ба мо расидаанд, императории Русия дар назари бигирем.
Председатель Китайской Народной Республики Си Цзиньпинь  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2023
Раҳбари Чин мавқеъашро дар бораи буҳрони Украина баён кард
“Бинобарин ҳатто дар ин сарзаминҳо низ ҷамъияти аслии Русия зиндагӣ мекарданд ва ҳамеша бахше аз Русия ба маънии маҳдуди калима будаанд - Русияи бузург, на Русияи кучак", - қайд кард Медведев.
Оқои Медведев дар мусоҳибааш хотирнишон кард, ки тасаввур мекунад кишварҳои ғарбӣ мизони азми Русия барои оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Украинро бовар накард ва намебинанд, дар натиҷа онҳо иштибоҳ муҳосиботӣ карданд.
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия изофа кард, ки “бинобарин музокира бо бархе кишварҳо, блокҳо, ҷомеаи кишварҳо беҳудааст - онҳо фақат забони зӯрро медонанд . Фақат забони зӯр!”.
Лентаи хабарҳо
0