https://sputnik.tj/20230320/rahbari-chin-mavqea-buhroni-ukraina-1055642156.html
Раҳбари Чин мавқеъашро дар бораи буҳрони Украина баён кард
Раҳбари Чин мавқеъашро дар бораи буҳрони Украина баён кард
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Чин ахиран дар мақолаи худ навиштааст, ки гуфт кишвараш барои ҳалли буҳрони Украина бо роҳи сулҳҷӯёна ва музокирот фаъолона саъю талош дорад
2023-03-20T16:37+0500
2023-03-20T16:37+0500
2023-03-20T16:37+0500
чин
дар русия
украина
си ҷинпин
буҳрон
мавқеъ
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/15/1047822408_0:366:2755:1915_1920x0_80_0_0_175276f562a2f7dc11b1945b221d37e7.jpg
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Раҳбари Чин дар мақолааш, ки дар нашрияҳои Русия РИА "Новости" ва "Российской газеты" чоп шудааст, навиштааст мавқеъи Чин дар масъалаи буҳрони Украина равшану аён аст.Вай навиштааст, ки аз авоили соли гузашта буҳрони Украина ба таври ҷиддӣ шиддат гирифтааст.Чин дар асоси моҳияти воқеъаҳои рухдода, ҳамеша мавқеъи айён ва беғаразонаро дунбол мекунад ва барои ҳалли буҳрон бо роҳи сулҳҷӯёна ва музокироти сулҳфаъолона саъю талош дорад.“Маҷмуи дидгоҳҳое, ки ман баён кардам, ҳамчун ба назарияи бунёдии Чин дар ҳалли масъалаи Украина хидмат мекунанд. Ин, аз ҷумла, дар бораи зарурати риояи ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи СММ, эҳтиром кардани нигарониҳои оқилонаи ҳамаи давлатҳо дар соҳаи амният, дастгирии ҳама талошҳо барои ҳалли осоиштаи бӯҳрони Украина ва таъмини устувории занҷирҳои ҷаҳонии истеҳсолот ва таъминот мебошад”, - гуфт раҳбари Чин.Си Ҷинпин афзуд, мавқеи Чин дар бораи ҳалли сиёсии буҳрони Украина, ки ахиран нашр шуд, бо дарназардошти нигарониҳои оқилонаи ҳама ҷонибҳо ягонагии дидгоҳҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар бораи рафъи буҳрони Украина то ҳадди имкон инъикос мекунад.Ин санад омили аз байн бурдани оқибатҳои буҳрон ва мусоидат ба ҳалли сиёсӣ хизмат мекунад.Вай илова кард, ки масъалаҳои мураккаб ҳалли оддӣ надоранд.“Мо итминон дорем, ки роҳи оқилонаи раҳоӣ аз буҳрони Украина ва роҳи сулҳи пойдор ва амнияти умумиҷаҳонӣ дар он сурат пайдо мешавад, ки агар ҳама консепсияи амнияти умумӣ, ҳамаҷониба, муштарак ва устуворро ҳидоят намоянд.Ҳамчунин музокирот ва машваратҳо ба таври баробарҳуқуқ, ва ба таври оқилона ва прагматикӣ бояд идома ёбанд.
https://sputnik.tj/20230320/si-jinpin-vorid-maskav-shud-1055640460.html
чин
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/15/1047822408_11:0:2742:2048_1920x0_80_0_0_e09904ded3d934f378ef8223c533f093.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, мавқеъ, буҳрон, раҳбари чин, си ҷинпин, сулҳҷӯёна
русия, украина, мавқеъ, буҳрон, раҳбари чин, си ҷинпин, сулҳҷӯёна
Раҳбари Чин мавқеъашро дар бораи буҳрони Украина баён кард
Раҳбари Чин ахиран дар мақолаи худ навиштааст, ки гуфт кишвараш барои ҳалли буҳрони Украина бо роҳи сулҳҷӯёна ва музокирот фаъолона саъю талош дорад
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Раҳбари Чин дар мақолааш, ки дар нашрияҳои Русия
РИА "Новости" ва "Российской газеты" чоп шудааст, навиштааст мавқеъи Чин дар масъалаи буҳрони Украина равшану аён аст.
Вай навиштааст, ки аз авоили соли гузашта буҳрони Украина ба таври ҷиддӣ шиддат гирифтааст.
Чин дар асоси моҳияти воқеъаҳои рухдода, ҳамеша мавқеъи айён ва беғаразонаро дунбол мекунад ва барои ҳалли буҳрон бо роҳи сулҳҷӯёна ва музокироти сулҳфаъолона саъю талош дорад.
“Маҷмуи дидгоҳҳое, ки ман баён кардам, ҳамчун ба назарияи бунёдии Чин дар ҳалли масъалаи Украина хидмат мекунанд. Ин, аз ҷумла, дар бораи зарурати риояи ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи СММ, эҳтиром кардани нигарониҳои оқилонаи ҳамаи давлатҳо дар соҳаи амният, дастгирии ҳама талошҳо барои ҳалли осоиштаи бӯҳрони Украина ва таъмини устувории занҷирҳои ҷаҳонии истеҳсолот ва таъминот мебошад”, - гуфт раҳбари Чин.
Си Ҷинпин афзуд, мавқеи Чин дар бораи ҳалли сиёсии буҳрони Украина, ки ахиран нашр шуд, бо дарназардошти нигарониҳои оқилонаи ҳама ҷонибҳо ягонагии дидгоҳҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар бораи рафъи буҳрони Украина то ҳадди имкон инъикос мекунад.
Ин санад омили аз байн бурдани оқибатҳои буҳрон ва мусоидат ба ҳалли сиёсӣ хизмат мекунад.
Вай илова кард, ки масъалаҳои мураккаб ҳалли оддӣ надоранд.
“Мо итминон дорем, ки роҳи оқилонаи раҳоӣ аз буҳрони Украина ва роҳи сулҳи пойдор ва амнияти умумиҷаҳонӣ дар он сурат пайдо мешавад, ки агар ҳама консепсияи амнияти умумӣ, ҳамаҷониба, муштарак ва устуворро ҳидоят намоянд.
Ҳамчунин музокирот ва машваратҳо ба таври баробарҳуқуқ, ва ба таври оқилона ва прагматикӣ бояд идома ёбанд.