Муттақӣ мегӯяд дар Афғонистон ДИИШ нест: рост аст?

© AFP 2023 / WAKIL KOHSARТалибы - охранники блокпоста
Талибы - охранники блокпоста - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2023
Обуна шудан
Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати худхондаи толибҳо иддао карда, ки ДИИШ* дар Афғонистон ҳамзамон бо афзоиши ҳамлаҳои террористӣ вуҷуд надорад
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Дар Афгонистон бехатарии аҳолӣ дар ҳама ҷо таъмин аст, гуфт иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии ҳукумати толибҳо Амирхон Муттақӣ.
"Дар Афғонистон ягон гурӯҳи "Давлати исломӣ*" ё дигар гурӯҳҳои мухолиф вуҷуд надорад ва агар дар ин ҷо ҳодисае рух диҳад, он аз берун ташкил карда мешавад",- афзуд вай дар мусоҳиба бо телевизиони давлатии RTA.
Вай ин изҳоротро дар ҳоле баён кард, ки ҳамлаҳои ДИИШ* дар манотиқи мухталифи Афғонистон вақтҳои охир афзоиш ёфта ва дар охирин маврид аъзои он бо нерӯҳои Толибон* дар Мазори Шариф даргир шудаанд.
Вооруженные сторонники движения ИГИЛ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2023
СПАД: Ҷангиёни афғонии ДОИШ* дар наздикии сарҳадоти Тоҷикистон мутамарказ шудаанд
Ба гуфтаи вай, вазъ дар Афғонистон ба таври қобили мулоҳиза беҳбуд ёфтааст дар муқоиса бо 20 соли гузашта беҳтар ва амният дар ҳама ҷо таъмин шудааст.
Муттақӣ ҳамчунин гуфт, ки Афғонистон бо ҷаҳон равобити хуби дипломатӣ дорад ва онҳо дар ҳоли беҳбудӣ ҳастанд ва аз хоки он ба ҳеҷ кишваре таҳдид сурат намегирад.
Аммо изҳороти Муттақӣ дар баробари гуфтаҳои раҳборони ин гуруҳ, ки ҳамрӯза аз мубориза бо ДОИШ* мегӯянд ва тибқи баъзе гузоришҳо ҳафтае то 40 миллион доллар барои мубориза бо он дарёфт мекунанд, комилан зиддунақиз аст.
Ёдовар мешавем, ки "Давлати исломӣ"* ахиран низ масъулияти ҳама таркишҳои аз ҷумла ҳамлаҳои авоили моҳи март дар вилояти Балхи Афғонистонро ба уҳда гирифт.
Рӯзи 9 март дар бинои маъмурияти шаҳри Мазори Шариф таркиш рух дод, ки бар асари он волии вилоят Муҳаммад Довуд Муззаммил кушта шуд.
Рӯзи 11-уми март дар ҳамин шаҳрак таркиши нав сар зад: ҳодиса дар Маркази фарҳангии Эрон рух дод, ки дар он лаҳза мансабдорон, руҳониён ва рӯзноманигорон дар он ҷо буданд.
Начальник Объединенного штаба Организации Договора о коллективной безопасности генерал-полковник Анатолий Сидоров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2023
Генерали рус: Касе Тоҷикистонро танҳо намегузорад
Суханони Муттақӣ дар ҳолест, ки кишварҳои ҳамсояи Афғонистон пайваста аз хатароти террористӣ дар марзҳояшон мегӯянд.
Қаблан раиси ситоди муштараки СПАД Анатолий Сидоров гуфта буд, ки теъдоди ҷангҷӯёни ДИИШ* дар Афғонистон ба 6500 нафар расидааст, ки аксари онҳо - то 4 ҳазор нафар дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.
Аммо ӯ гуфт, ки созмон барои посухи фаврӣ ба ҳама гуна таҳрикоти номатлуб омода аст.
* "Давлати исломӣ" (ДОИШ, ДИИШ) як созмони террористӣ аст, ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0