https://sputnik.tj/20230322/tedod-qurboniyon-zaminjunbi-afghoniston-afzoish-1055681590.html
Теъдоди қурбониёни заминҷунбӣ дар Афғонистону Покистон афзоиш ёфт
Теъдоди қурбониёни заминҷунбӣ дар Афғонистону Покистон афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Бар асари заминларзаи шадиди 6,5 дараҷаӣ маълумот дар бораи кушташудагон ва захмиён дар Афғонистону Покистон Осиё пайдо шуд
2023-03-22T10:16+0500
2023-03-22T10:16+0500
2023-03-22T11:38+0500
осиёи марказӣ
афғонистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
заминҷунбӣ
покистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/1b/1031800629_0:159:3076:1889_1920x0_80_0_0_dac26e3abc327281aca3b1b09455cdd2.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Дар Покистон ва Афғонистон шумораи қурбониёну зарардидагон аз заминҷунбии шаби 22 мартро муайян мекунанд.Ба навиштаи The News бо истинод ба Дафтари идоракунии офатҳои табиӣ, дар натиҷаи ларзиши шадиди замин Покистон 9 нафар кушта шуда, илова бар ин, 44 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Ҳамчунин, дар Афғонистон бар асари ин офати табиӣ дасти кам 2 нафар кушта шуда, беш аз 20 тани дигар шадидан маҷрӯҳ шуданд.Ёдовар мешавем, шоми 21 март дар шимолу шарқи Афғонистон заминларзаи шадид ба қувваи 6,5 дараҷа рух дод. Заминҷунбт дар 50-километрии Ишкошими вилояти кӯҳистонии Бадахшон, ки дар марзи Бадахшони Тоҷикистон воқеъ аст эҳсос шудааст. Гузашта аз ин, шиддати ҷунбиши замин дар Ҳиндустон, Покистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус дар Тоҷикистон низ эҳсос шуд.Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, шиддати заминҷунбӣ дар ҷумҳурӣ 5 баллро ташкил дод.
https://sputnik.tj/20230321/tojikiston-zaminlarza-sakht-1055679740.html
афғонистон
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/1b/1031800629_174:0:2903:2047_1920x0_80_0_0_35aebc1936a6782eafc4ca7bdeb0ac2b.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон покистон заминҷунбӣ
афғонистон покистон заминҷунбӣ
Теъдоди қурбониёни заминҷунбӣ дар Афғонистону Покистон афзоиш ёфт
10:16 22.03.2023 (Навсозишуда: 11:38 22.03.2023) Бар асари заминларзаи шадиди 6,5 дараҷаӣ маълумот дар бораи кушташудагон ва захмиён дар Афғонистону Покистон Осиё пайдо шуд
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Дар Покистон ва Афғонистон шумораи қурбониёну зарардидагон аз заминҷунбии шаби 22 мартро муайян мекунанд.
Ба навиштаи The News бо истинод ба Дафтари идоракунии офатҳои табиӣ, дар натиҷаи ларзиши шадиди замин Покистон 9 нафар кушта шуда, илова бар ин, 44 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.
Ҳамчунин, дар Афғонистон бар асари ин офати табиӣ дасти кам 2 нафар кушта шуда, беш аз 20 тани дигар шадидан маҷрӯҳ шуданд.
"Дар 34 вилояти кишвар тақрибан 20 захмӣ ва ду кушта ба марказҳои тиббии мо интиқол дода шуданд", - навиштааст Шарофат Замон, сухангӯи вазорати тандурустии Афғонистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Ёдовар мешавем, шоми 21 март дар шимолу шарқи Афғонистон заминларзаи шадид ба қувваи 6,5 дараҷа рух дод. Заминҷунбт дар 50-километрии Ишкошими вилояти кӯҳистонии Бадахшон, ки дар марзи Бадахшони Тоҷикистон воқеъ аст эҳсос шудааст.
Гузашта аз ин, шиддати ҷунбиши замин дар Ҳиндустон, Покистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус дар Тоҷикистон низ эҳсос шуд.
Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, шиддати заминҷунбӣ дар ҷумҳурӣ 5 баллро ташкил дод.