Тоҷикистонро заминларзаи сахт такон дод

© AFP 2023 / OLIVIER MORINСейсмограф
Сейсмограф - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2023
Обуна шудан
Зилзиласанҷон боз як заминҷунбии навбатии 6 балларо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Афғонистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон сабт карданд
ДУШАНБЕ, 21 март — Sputnik. Дар Тоҷикистон заминларзаи сахт рух дод, гузориш медиҳад, хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Тибқи иттилои маркази зилзилашиносии Ӯзбекистон, заминҷунбӣ шаб, соати 21:47 бо вақти Душанбе рух додааст.
Манбаъ афзуда, қувваи заминларза дар марказ 6,6 балл буда, он дар умқи 220 метр ҷойгир будааст. Маркази заминҷунбӣ Афғонистон буд.
Вале, сокинони Душанбе ва шаҳри Бохтар мегӯянд, қувваашро эҳсос карданд.

"Замин хеле сахт ҷунбид. Мо ҳатто дар ошёнаи аввал ҳам онро эҳсос кардем ва берун давидем", - гуфт сокини шаҳри Бохтар ба Sputnik Тоҷикистон.

Сокинони Душанбе ба ҷойҳои бехавф мекӯчанд мегӯяд, хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Дар ВМКБ боз замин ҷунбид
Заминларза дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин дар Чину Ҳиндустон ва Покистон низ эҳсос шудааст.
Лентаи хабарҳо
0