https://sputnik.tj/20230322/rahmon-amriko-tojikistoniyon-ramazon-tabrik-1055681167.html
Раҳмон аз Амрико тоҷикистониёнро бо моҳи Рамазон табрик кард
Раҳмон аз Амрико тоҷикистониёнро бо моҳи Рамазон табрик кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумуҳри Тоҷикистон дар паёмаш шодбошиаш ба мардуми кишвар файзу баракат, зиндагии ором, хушрӯзӣ ва иқболи некро рзу кардааст
2023-03-22T09:49+0500
2023-03-22T09:49+0500
2023-03-22T09:58+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
иди рамазон
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/17/1053721810_0:0:2049:1153_1920x0_80_0_0_05efdfd3115d4856cec12e1c4f96e88c.jpg
ДУШАНБЕ, 22 март — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар як паёми шодбошӣ мардуми кишварро ба муносибати моҳи шарифи Рамазон табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар файзу баракат, рӯзгори ободу осуда ва сулҳу оромӣ орзу намуд.Вай гуфт, моҳи шарифи Рамазон тибқи таълимоти дини ислом моҳи нузули Қуръон аст, айми хайру баракат, тоату ибодат ва парҳез аз кинаву адоват аст.Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки имсол моҳи шариф ба мавсими киштукори баҳорӣ рост омад ва бояд ҳар рӯзи мусоиди баҳорӣ самаранок истифода шавад.Президент аз тағйирёбии иқлим ва мушкилӣ дар таъмини маводи ғизоӣ дар аксар кишварҳои дунё зикр намуда, гуфт, ин вазъ истифодаи оқилона ва самараноки обу замин ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулотро тақозо мекунад.Роҳбари давлат аз кулли тоҷикистониён сариштакор буданро талаб намуда, даъват намуд, ки ба зиёдаравӣ набояд роҳ дод.Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки мардуми Тоҷикистон минбаъд низ суннатҳои неки инсондўстиву сулҳпарвариро тақвият мебахшанд ва ба хотири сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, пешрафти давлат ва ободиву тараққиёти Ватан содиқонаву софдилона заҳмат мекашанд.Ёдовар мешавем, ки роҳбари давлат бо сафари расмӣ дар Амрико қарор дорад ва таҳти роҳбарии ӯ Конфронси оби СММ баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20230321/ramazon---2023-taqvimi-ruza-1055676077.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/17/1053721810_66:0:1883:1363_1920x0_80_0_0_ba24c32178b42beef19974a256fd2b8b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон рамазон
Раҳмон аз Амрико тоҷикистониёнро бо моҳи Рамазон табрик кард
09:49 22.03.2023 (Навсозишуда: 09:58 22.03.2023) Раисҷумуҳри Тоҷикистон дар паёмаш шодбошиаш ба мардуми кишвар файзу баракат, зиндагии ором, хушрӯзӣ ва иқболи некро рзу кардааст
ДУШАНБЕ, 22 март — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар як паёми шодбошӣ мардуми кишварро ба муносибати моҳи шарифи Рамазон табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар файзу баракат, рӯзгори ободу осуда ва сулҳу оромӣ орзу намуд.
Вай гуфт, моҳи шарифи Рамазон тибқи таълимоти дини ислом моҳи нузули Қуръон аст, айми хайру баракат, тоату ибодат ва парҳез аз кинаву адоват аст.
"Ҳар як мусулмон дар ин моҳ бояд аз ҳама гуна аъмоли зишту нораво худдорӣ карда, дигаронро низ ба роҳи росту дуруст, анҷом додани амалҳои хайру писандида, сабру таҳаммул, раҳму шафқат ва некиву накўкорӣ даъват намояд", - омадааст дар паёми роҳбари давлат.
Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки имсол моҳи шариф ба мавсими киштукори баҳорӣ рост омад ва бояд ҳар рӯзи мусоиди баҳорӣ самаранок истифода шавад.
Президент аз тағйирёбии иқлим ва мушкилӣ дар таъмини маводи ғизоӣ дар аксар кишварҳои дунё зикр намуда, гуфт, ин вазъ истифодаи оқилона ва самараноки обу замин ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулотро тақозо мекунад.
Роҳбари давлат аз кулли тоҷикистониён сариштакор буданро талаб намуда, даъват намуд, ки ба зиёдаравӣ набояд роҳ дод.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки мардуми Тоҷикистон минбаъд низ суннатҳои неки инсондўстиву сулҳпарвариро тақвият мебахшанд ва ба хотири сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, пешрафти давлат ва ободиву тараққиёти Ватан содиқонаву софдилона заҳмат мекашанд.
Ёдовар мешавем, ки роҳбари давлат бо сафари расмӣ дар Амрико қарор дорад ва таҳти роҳбарии ӯ Конфронси оби СММ баргузор мешавад.