Дар Ҳамадонӣ ду дучархаронро мошин пахш кард

© PixabayСломанный велосипед, архивное фото
Сломанный велосипед, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2023
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дучархаронҳо аз ҷароҳати бардошта дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд
ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik. Дар роҳи ноҳияи Ҳамадонӣ дар рӯзи таҷлили иди Наврӯз садамаи нақлиётӣ рух дод, ки дар натиҷа ду нафар кушта шуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ронандаи 46- солаи автомашинаи “Опел-Астра”, ки сокини ноҳияи мазкур мебошад, зимни ҳаракат аз самти шаҳраки Маскав ба самти ҷамоати деҳоти Қаҳрамон аз уҳдаи идораи мошин набаромад.
Машина полиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2023
Шарҳи РВКД бобати садама дар Зарафшон: кушташуда шаҳрванди 23 - солаи Ӯзбекистон аст
Дар натиҷа, ронанда бо қисми пеши мошин ду дучархарон, ки яке 65 ва дигаре 45 – сола мебошанд пахш кард.
“Дучархаронҳо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодисаа ба ҳалокат расиданд”, - омадааст дар хабари вазорат.
Манбаъ афзуд, ки ҳар ду куштаушда сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ буданд.
Ба таъкиди Вазорати умури дохилии кишвар, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0