Ҷинпин: тақвият ва густариши равобит бо Русия, интихоби стратегии Чин аст

© POOL / Гузариш ба медиабонкПредседатель КНР Си Цзиньпин
Председатель КНР Си Цзиньпин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2023
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Чин аз 20 то 22 март бо сафари давлатӣ дар Русия қарор дорад. Ин нахустин сафари хориҷии Ҷинпин пас аз дубора интихоб шуданаш аст
ДУШАНБЕ, 21 март — Sputnik. Интихоби стратегии Пекин таҳким ва рушди равобит бо Маскав аст, ин масир бетағйир боқӣ мемонад, гуфт Си Ҷинпин дар мулоқоти ғайрирасмӣ бо кишвардори Русия Владимир Путин.
Дар ин бора, РИА "Новости" бо истинод ба вазорати корҳои хориҷии Чин хабар медиҳад.
Сарони давлатҳо ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъи Украина ва ҳамчунин нақшаи пешниҳодкардаи Пекин барои ҳалли мушкилро баррасӣ карданд.

"Ду кишвар, ки бузургтарин ҳамсояҳо ва шарикони ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи стратегӣ мебошанд, ҳамдигарро дар дипломатия ва сиёсати хориҷии авлавият медонанд. Чин ҳамеша сиёсати хориҷии мустақилро пеш меббарад. Тақвият ва рушди муносибатҳо бо Русия интихоби стратегии Чин аст", - гуфт Си Ҷинпин.

Вай таъкид кард, ки "марҳи умумии таҳкими ҳамкориҳои стратегии Чин ва Русия бетағйир боқӣ мемонад".
"Ҳам Чин ва ҳам Русия саъй мекунанд, то рушди миллӣ ва эҳёи худро анҷом диҳанд, ҳарду кишвар аз бисёрқутбӣ дар ҷаҳон пуштибонӣ мекунанд ва ба демократисозии равобити байналмилалӣ мусоидат мекунанд", - афзуд ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, ҳарду ҷониб бояд ҳамкориҳои амалӣ дар арсаҳои мухталифро идома дода, ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ дар чорчӯби СММ ва дигар анҷуманҳои бисёрҷониба тақвият бахшанд ва рукни сулҳу субот дар саросари ҷаҳон бошанд.
Си Ҷинпин: Русияву Чин назарияи дӯстии абадиро пайравӣ мекунанд
Си Ҷинпин ба ҳайси сарвари давлат аз соли 2013 ба ин сӯ ҳашт маротиба аз Русия дидан кардааст, ки нисбат ба дигар кишварҳо бештар аст.
Дар маҷмӯъ, дар даҳ соли охир Владимир Путин ва Си Ҷинпин беш аз 40 маротиба дар шаклҳои гуногун мулоқот кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки ин нахустин сафари хориҷии раҳбари Чин пас аз дубора интихоб шуданаш ба даври сеюм аст.
Лентаи хабарҳо
0