https://sputnik.tj/20230320/si-jinpin-rusiya-chin-dustii-payravi-1055640893.html
Си Ҷинпин: Русияву Чин назарияи дӯстии абадиро пайравӣ мекунанд
Си Ҷинпин: Русияву Чин назарияи дӯстии абадиро пайравӣ мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Чин ахиран дар мақолаи худ навиштааст, ки равобити Маскав ва Пекин дар тамоми арсаҳо босуръат рушд меёбанд
2023-03-20T16:17+0500
2023-03-20T16:17+0500
2023-03-20T16:25+0500
дар русия
чин
си ҷинпин
ҳамкорӣ
равобит
маскав
пекин
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/15/1051582348_0:186:2980:1862_1920x0_80_0_0_e38a98424d4165d2abdd94b3a8bc72bc.jpg
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Чин ва Русия консепсияи дӯстии абадӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро пайравӣ мекунанд, гуфтааст раҳбари Чин Си Ҷинпин дар мақолаи худ, ки дар РИА “Новости” ва “Российская газета” нашр шудааст.Раҳбари Чин қайд кардааст, ки муносибатҳои дутарафа ба принсипҳои ҳамроҳ нашудан, муқкобилият накардан ва роҳ надодан ба муқобилияти тарафҳои сеюм асос ёфтаанд.Ҳар ду кишвар як дигарро дар роҳи тараққиёт аз рӯи воқеиятҳои миллӣ ва пешравӣ дастгирӣ мекунанд.Муносибатҳои устувори дуҷониба пайваста нерӯи нав пайдо кардааст. Ҳамчунин нишонаи шакли нави муносибатҳои байнидавлатӣ ин эҳтироми ҳамдигар, ҳамзистии осоишта ва ҳамкории судманд хос мебошад.Ёдоварӣ мекунем, ки ахиран раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин бо як сафари расмӣ вориди пойтахти Русия шуд.Сафари сиёсатмадори чинӣ се рӯз - аз 20 то 22 март идома хоҳад кард.Ба гуфтаи котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков, дар рӯзи аввал Си Ҷинпин ва Владимир Путин дар як зиёфати ғайрирасмӣ ба ҳам гуфтугӯ мекунанд ва рӯзи дигар музокиротро оғоз мекунанд.Баррасии дуҷонибаи рушди ҳамкориҳои стратегии кишварҳо ва имзои як қатор санадҳо дар назар аст. Пас аз мулоқот сиёсатмадорон ба намояндагони ВАО изҳорот хоҳанд дод.
https://sputnik.tj/20230320/si-jinpin-vorid-maskav-shud-1055640460.html
чин
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/15/1051582348_126:0:2855:2047_1920x0_80_0_0_4c6c31aedf5526e3cb7589327fd3d484.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, чин, си ҷинпин, назария, дӯстӣ, пайравӣ, маскав, пекин
русия, чин, си ҷинпин, назария, дӯстӣ, пайравӣ, маскав, пекин
Си Ҷинпин: Русияву Чин назарияи дӯстии абадиро пайравӣ мекунанд
16:17 20.03.2023 (Навсозишуда: 16:25 20.03.2023) Раҳбари Чин ахиран дар мақолаи худ навиштааст, ки равобити Маскав ва Пекин дар тамоми арсаҳо босуръат рушд меёбанд
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Чин ва Русия консепсияи дӯстии абадӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро пайравӣ мекунанд, гуфтааст раҳбари Чин Си Ҷинпин дар мақолаи худ, ки дар
РИА “Новости” ва “Российская газета” нашр шудааст.
Раҳбари Чин қайд кардааст, ки муносибатҳои дутарафа ба принсипҳои ҳамроҳ нашудан, муқкобилият накардан ва роҳ надодан ба муқобилияти тарафҳои сеюм асос ёфтаанд.
Ҳар ду кишвар як дигарро дар роҳи тараққиёт аз рӯи воқеиятҳои миллӣ ва пешравӣ дастгирӣ мекунанд.
Муносибатҳои устувори дуҷониба пайваста нерӯи нав пайдо кардааст. Ҳамчунин нишонаи шакли нави муносибатҳои байнидавлатӣ ин эҳтироми ҳамдигар, ҳамзистии осоишта ва ҳамкории судманд хос мебошад.
Ёдоварӣ мекунем, ки ахиран раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин бо як сафари расмӣ вориди пойтахти Русия шуд.
Сафари сиёсатмадори чинӣ се рӯз - аз 20 то 22 март идома хоҳад кард.
Ба гуфтаи котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков, дар рӯзи аввал Си Ҷинпин ва Владимир Путин дар як зиёфати ғайрирасмӣ ба ҳам гуфтугӯ мекунанд ва рӯзи дигар музокиротро оғоз мекунанд.
Баррасии дуҷонибаи рушди ҳамкориҳои стратегии кишварҳо ва имзои як қатор санадҳо дар назар аст. Пас аз мулоқот сиёсатмадорон ба намояндагони ВАО изҳорот хоҳанд дод.