https://sputnik.tj/20230321/havo-navruz-tojikiston-boron-sughd-vmkb-garm-dushanbe-1055654118.html
Ҳавои оғози Наврӯз дар Тоҷикистон: борон дар Суғду ВМКБ ва 28 дараҷа гармӣ дар Хатлон
Ҳавои оғози Наврӯз дар Тоҷикистон: борон дар Суғду ВМКБ ва 28 дараҷа гармӣ дар Хатлон
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи аввали Наврӯз ба ҷузъ аз вилоятҳои Суғду Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар дигар минтақаҳо ҳавои гарми бебориш дар назар аст 21.03.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-03-21T10:24+0500
2023-03-21T10:24+0500
2023-03-21T10:38+0500
дар тоҷикистон
обу ҳаво
борон
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0e/1055494365_0:120:1280:840_1920x0_80_0_0_c4428e83712f239edb9ece8f5868b746.jpg
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Ҳавоии наврӯзӣ барои сайру гашти сокинони пойтахт бисёр мусоид аст. Ҳавосанҷон мегӯяд, рӯзона дар Душанбе ҳаво то 22-24 ва шабона 8-10 дараҷа гарм мешавад.Дар Хатлон ҳаво ба мисли рӯзҳои аввали тобистон гарм аст. Манбаъ меафзояд, дар вилояти боришоти борон дар назар набуда, рӯзона ҳаво то 28 ва шабона то 15 дараҷа гарм хоҳад шуд.Зимнан, чунин вазъи ҳаво дар шаҳру навоҳии атрофи Душанбе пешгӯӣ мешавад. Шабона 13 ва рӯзона то 26 дараҷа гармӣ дар назар аст.Аммо, ҳавои рӯзи аввали наврӯзӣ барои сокинони ВМКБ чандон мусоид нест. Дар вилоят ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбӣ борони кӯтоҳмуддат меборад.Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 9-14 дараҷа сард ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм пешгўӣ мегардад.Ҳамзамон, дар вилояти Суғд низ борон меборад. Шабона ҳаво то 11 дараҷа ва рӯзона то 21 дараҷа гарм мешавад.
https://sputnik.tj/20230319/hushdori-obuhavoshinoson-navruz-boron-1055618820.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0e/1055494365_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_ca322e5afd7e2421f1ec2a30207a6b16.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, обу ҳаво, борон, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, обу ҳаво, борон, иҷтимоъ
Ҳавои оғози Наврӯз дар Тоҷикистон: борон дар Суғду ВМКБ ва 28 дараҷа гармӣ дар Хатлон
10:24 21.03.2023 (Навсозишуда: 10:38 21.03.2023) Рӯзи аввали Наврӯз ба ҷузъ аз вилоятҳои Суғду Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар дигар минтақаҳо ҳавои гарми бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Ҳавоии наврӯзӣ барои сайру гашти сокинони пойтахт бисёр мусоид аст. Ҳавосанҷон мегӯяд, рӯзона дар Душанбе ҳаво то 22-24 ва шабона 8-10 дараҷа гарм мешавад.
Дар Хатлон ҳаво ба мисли рӯзҳои аввали тобистон гарм аст. Манбаъ меафзояд, дар вилояти боришоти борон дар назар набуда, рӯзона ҳаво то 28 ва шабона то 15 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Зимнан, чунин вазъи ҳаво дар шаҳру навоҳии атрофи Душанбе пешгӯӣ мешавад. Шабона 13 ва рӯзона то 26 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Аммо, ҳавои рӯзи аввали наврӯзӣ барои сокинони ВМКБ чандон мусоид нест. Дар вилоят ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбӣ борони кӯтоҳмуддат меборад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 9-14 дараҷа сард ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм пешгўӣ мегардад.
Ҳамзамон, дар вилояти Суғд низ борон меборад. Шабона ҳаво то 11 дараҷа ва рӯзона то 21 дараҷа гарм мешавад.