https://sputnik.tj/20230319/hushdori-obuhavoshinoson-navruz-boron-1055618820.html
Ҳушдори обуҳавошиносон: Дар арафаи ҷашни Наврӯз борон меборад
Ҳушдори обуҳавошиносон: Дар арафаи ҷашни Наврӯз борон меборад
Sputnik Тоҷикистон
Агентии обуҳавошиносии кишвар ҳушдор додааст, ки дарарафаи ҷашни Наврӯз дар баъзе аз ноҳияҳои ҷумҳурӣ борон ба амал меояд
2023-03-19T11:49+0500
2023-03-19T11:49+0500
2023-03-19T11:49+0500
дар тоҷикистон
обу ҳаво
борон
наврӯз
таҷлил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042715835_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_8bd99333d16e1c80bb9a73c5bfee58cb.jpg
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борон ба амал меояд.Ҳаво дар ғарби ВМКБ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона то 13 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона то 14 ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм пешгўӣ мегардад.Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда дар бархе аз ноҳияҳо борон меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 11 дараҷа гарм ва рӯзона то 21 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона то 14 дараҷа гарм пешгўӣ шудааст.Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида ба амал омадани раъду барқ ва жола дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона то 14 ва рӯзона то 23 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона то 10 дараҷа гарм ва рӯзона то 17 дараҷа гарм мешавад.Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон дар назар аст. Раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар водиҳо шабона то 12 ва рӯзона то 21 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 7 дараҷа гарм ва рӯзона то 17 дараҷа гарм мешавад.Ба иттилои обуҳавошиносон дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, рӯзона борон меборад. Ҳаво шабона то 11 ва рӯзона то 20 дараҷа гарм мешавад.
https://sputnik.tj/20230319/navruz-poyga-aspdavoni-buzkashi-1055616141.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/08/1042715835_240:0:2971:2048_1920x0_80_0_0_95ada3753dd6c7b9ce1e3287f70dbf3e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, борон, обуҳавошиносон, наврӯз, ҳушдор, обу ҳаво
тоҷикистон, борон, обуҳавошиносон, наврӯз, ҳушдор, обу ҳаво
Ҳушдори обуҳавошиносон: Дар арафаи ҷашни Наврӯз борон меборад
Агентии обуҳавошиносии кишвар ҳушдор додааст, ки дарарафаи ҷашни Наврӯз дар баъзе аз ноҳияҳои ҷумҳурӣ борон ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борон ба амал меояд.
Ҳаво дар ғарби ВМКБ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона то 13 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона то 14 ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм пешгўӣ мегардад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда дар бархе аз ноҳияҳо борон меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 11 дараҷа гарм ва рӯзона то 21 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона то 14 дараҷа гарм пешгўӣ шудааст.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида ба амал омадани раъду барқ ва жола дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона то 14 ва рӯзона то 23 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона то 10 дараҷа гарм ва рӯзона то 17 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон дар назар аст. Раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар водиҳо шабона то 12 ва рӯзона то 21 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 7 дараҷа гарм ва рӯзона то 17 дараҷа гарм мешавад.
Ба иттилои обуҳавошиносон дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, рӯзона борон меборад. Ҳаво шабона то 11 ва рӯзона то 20 дараҷа гарм мешавад.