https://sputnik.tj/20230321/ahmadzoda-sokinon-anana-navruz-yodovar-shud-1055664470.html
Аҳмадзода ба сокинон аз анъанаҳои асосии Наврӯз ёдовар шуд
Аҳмадзода ба сокинон аз анъанаҳои асосии Наврӯз ёдовар шуд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Суғд ба тамоми сокинони вилоят саломатӣ, оромии рӯзгор, барори кор ва зиндагии осоишта таманно кард 21.03.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-03-21T15:42+0500
2023-03-21T15:42+0500
2023-03-21T15:42+0500
дар тоҷикистон
суғд
наврӯз
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1b/1048009358_0:0:2047:1151_1920x0_80_0_0_06d9ba987afb4efaf9556a615cc8e0a5.jpg
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сокинонро бо Иди байналмилалии Наврӯз табрик гуфт. Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод. Дар паёми ӯ ба шаҳрвандон гуфта мешавад, ки "ба ҳама саломатӣ, хушбахтӣ, комёбӣ, ободӣ ва фаровонӣ дар дастархони мардум ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлоламон шукуфоӣ орзумандам". Ӯ ёдовар шуд, ки Наврӯз ҳамчун як падидаи фарҳангӣ дар сарнавишти мардуми тоҷик ҷойгоҳи хосаеро ишғол мекунад. Ид таҷассумгари дӯстиву ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирӣ мебошад. Вай афзуд, ки яке аз муҳимтарин суннатҳои Наврӯз бахшидани гуноҳҳои ҳамдигар, дастгирии ятимону маъюбон, аёдати волидон, беморон, кумак ба хонаводаҳои камбизоат ва ниёзманд мебошад.Аҳмадзода деҳқононро даъват кард, ки ҳар як рӯзи муборакро барои кишти баҳорӣ самаранок истифода баранд. Имсол мувофиқи ҷадвали астрономӣ 21 март соати 02:30 дақиқаи Замин ҳангоми дар атрофи Офтоб ҳаракат карданаш аз баробарии шабурӯзии баҳорӣ гузашт. Барои тоҷикон ин айёми Наврӯз аст. Ба муносибати ин ид дар кишвар рӯзи истироҳат то 26 март эълон шудааст.
https://sputnik.tj/20230321/tojikistoniyon-raisjumhuron-rohbaron-sozmon-jahon-navruz-tabrik-1055660436.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1b/1048009358_72:0:1889:1363_1920x0_80_0_0_89e17e20302cfb8d9cde2dda827eab8c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, суғд, наврӯз, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, суғд, наврӯз, иҷтимоъ
Аҳмадзода ба сокинон аз анъанаҳои асосии Наврӯз ёдовар шуд
Раиси вилояти Суғд ба тамоми сокинони вилоят саломатӣ, оромии рӯзгор, барори кор ва зиндагии осоишта таманно кард
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сокинонро бо Иди байналмилалии Наврӯз табрик гуфт.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод.
Дар паёми ӯ ба шаҳрвандон гуфта мешавад, ки "ба ҳама саломатӣ, хушбахтӣ, комёбӣ, ободӣ ва фаровонӣ дар дастархони мардум ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлоламон шукуфоӣ орзумандам".
Ӯ ёдовар шуд, ки Наврӯз ҳамчун як падидаи фарҳангӣ дар сарнавишти мардуми тоҷик ҷойгоҳи хосаеро ишғол мекунад.
Ид таҷассумгари дӯстиву ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулпазирӣ мебошад.
Вай афзуд, ки яке аз муҳимтарин суннатҳои Наврӯз бахшидани гуноҳҳои ҳамдигар, дастгирии ятимону маъюбон, аёдати волидон, беморон, кумак ба хонаводаҳои камбизоат ва ниёзманд мебошад.
Аҳмадзода деҳқононро даъват кард, ки ҳар як рӯзи муборакро барои кишти баҳорӣ самаранок истифода баранд.
Имсол мувофиқи ҷадвали астрономӣ 21 март соати 02:30 дақиқаи Замин ҳангоми дар атрофи Офтоб ҳаракат карданаш аз баробарии шабурӯзии баҳорӣ гузашт.
Барои тоҷикон ин айёми Наврӯз аст. Ба муносибати ин ид дар кишвар рӯзи истироҳат то 26 март эълон шудааст.