Тоҷикистониёнро раҳбарони ҷаҳонӣ бо Наврӯз табрик мекунанд

© Sputnik Жители города Душанбе во время проведения праздника Навруз
Жители города Душанбе во время проведения праздника Навруз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2023
Обуна шудан
Вуруди барқияҳои шодбошӣ аз номи расиҷумҳурон ва роҳбарони созмониҳои ҷаҳонӣ унвонии роҳбари давлат ва шаҳрвандони Тоҷикистон идома доранд
ДУШАНБЕ, 21 март — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрвандони Тоҷикистонро дар рӯзи таҷлили Наврӯз сарони давлатҳо ва роҳбарони созмонҳои ҷаҳонӣ бо ирсоли нома ба унвони роҳбари давлат муборакбод намуданд.
Дар ин бора дафари матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод.
Манбаъ аз қабули номаҳо аз сӯи кишвардори Амрико Ҷо Байден ва Дабири кулли СҲШ Чжан Мин иттилоъ дод.
Дар номаи роҳбари Амрико, ба раисҷумҳур ва кулли мардуми Тоҷикистон саломатӣ ва сулҳу суббот таманно шуд.
"Ман умед дорам, ки дар соли оянда шарикии байни кишварҳоямон ва дӯстии байни халқҳоямон бар асоси талошҳои мо барои ояндаи осоишта ва шукуфони ҳама боз ҳам амиқтар хоҳанд гардид", - омадааст дар мактуби Байден.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2023
Раҳмон тоҷикистониёнро ба Наврӯз табрик кард
Зимнан, ҷаноби Мин ҷашни Наврӯзро рамзи саъю талош баҳри сулҳ, созгорӣ бо табиат, ҳамдигарфаҳмӣ миёни мардум, мероси муҳимми ғайримоддии фарҳангии инсоният арзёбӣ кард.
Дар идома, Дабири кулли СҲШ ба раисҷуҳури Тоҷикистон барои таваҷҷӯҳи пайваста ва ҳамзамон дастгирӣ аз ин созмон изҳори миннатдорӣ намуд.
Чжин Мин ба ба роҳбари давлат саломатӣ ва ба тоҷикистониён сулҳу некӯаҳволиро таманно кард.
Дафтари матбуоти президент қайд намуд, ки қабули номаҳои шодбошӣ аз сӯи роҳбарони ҷаҳонӣ идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0