Сипоси раиси Хатлон аз “миллионери тоҷик” барои буёди даҳҳо гектар боғ

© акс аз сафҳаи фейсбукии Саидмурод ДавлатовСаидмурод Давлатов соҳибкори тоҷик ва роҳбари созмони байналмиллалии рушди шахсият "САМО"
Саидмурод Давлатов соҳибкори тоҷик ва роҳбари созмони байналмиллалии рушди шахсият САМО  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2023
Обуна шудан
Соҳибкори Саидмурод Давлатов дар ноҳияи Ҷайҳун дар 40 гектар пистаи туркии навъи "Узун Антеп" ва дар 20 гектар боғи бодом бунёд кардааст
ДУШАНБЕ, 20 март — Sputnik. Ахиран раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари кориаш ба ноҳияи Ҷайҳун аз пистабоғи мавзеи "Озодӣ"-и ҷамоати Дӯстӣ боздид кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон.
Таъкид шудааст, ки бо талошҳои соҳибкори муввафақ Саидмурод Давлатов дар ноҳияи Ҷайҳун дар 40 гектар пистаи туркии навъи "Узун Антеп" ва дар 20 гектар боғи бодом бунёд шудааст.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз соҳибкорӣ ватанӣ изҳори сипос намуд ва таъкид дошт, ки дар ҳалли мушкилоти ин мавзеъ кӯмаку дастгирии хешро дареғ намедорад.
Мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо соҳибкорону сармоягузорон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2023
Мақомот: Таъсиси Фонди дастгирии соҳибкорӣ дар вилояти Хатлон муҳим аст
“Аз ишораи мутахассисони соҳа аз ин намуди дарахти писта дар давлати Туркиё то 40-50 кг писта ба даст меоранд. Акнун ин намуд пистабоғ низ дар ноҳияи Ҷайҳун ба ҳосил омада истодааст ва зина ба зина ҳосилнокии он баланд бардошта мешавад”, - хабар додааст манбаъ.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар ин пистабоғ мутахассисон ҳамзамон ба пайванд ва парвариши ин намуди писта машғул ҳастанд, ки айни замон садҳо ниҳолакони нави писта парвариш кардаанд, ки хоҳишмандон метавонанд дар бунёди боғ истифода баранд.
Лентаи хабарҳо
0