Мақомот: Таъсиси Фонди дастгирии соҳибкорӣ дар вилояти Хатлон муҳим аст

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ХатлонМулоқоти раиси вилояти Хатлон бо соҳибкорону сармоягузорон
Мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо соҳибкорону сармоягузорон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2023
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Хатлон ахиран эълон кард, ки таъсиси Фонди дастгирии соҳибкорӣ дар қаламрави вилоят бисёр муҳим мебошад
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ахиран дар мулоқот бо соҳибкорони вилоят таъкид кард, ки бо мақсади дастрасии васеи соҳибкорон ба сарчашмаҳои нисбатан арзони қарзӣ, таъсиси Фонди дастгирии соҳибкории вилояти Хатлон муҳим мебошад.
Вай афзуд, ки соли 2022 аз ҷониби ташкилотҳои қарзии дар вилоят фаъолияткунанда ба соҳибкорон ва аҳолӣ 3 миллиарду 10 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ пешниҳод шудааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 504,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
“Бонкҳои тиҷоратии дар вилоят фаъолияткунандаро зарур аст, ки бо назардошти талаботи иқтисодиёт ба қарзҳои бонкӣ, маҳсулотҳои нави қарзиро омода ва ба соҳибкорон пешниҳод намоянд”, - афзуд раиси вилояти Хатлон.
Дар ҳамин ҳол Давлаталӣ Саид ба Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дод, ки барои ҳамоҳангсозии татбиқи лоиҳаҳои шарикони рушд дар вилоят ва таҳияву амалисозии лоиҳаҳои нав дар самтҳои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, инфрасохтори нақлиётӣ, коркарди партовҳои сахти маишӣ, обрасонӣ, тандурустӣ ва маориф, инчунин рушди неруи инсонӣ ҳамкориҳоро бо шарикони рушд тақвият бахшад.
Мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо мақомоти Қатар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2023
Баррасии густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни Тоҷикистону Қатар
“Зарур аст, ки мутахассисони ботаҷриба ҷалб карда шуда, корҳо ҷиҳати гузаронидани курсҳои омӯзишӣ, таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, нақшаҳои тиҷоратӣ, хизматрасониҳои машваратии ҳуқуқӣ ва иқтисодию молиявӣ, муҳосибот ва ҳисобдорӣ, масъалаҳои андозу гумрук, содироти молу маҳсулот, оғоз намудани фаъолияти соҳибкорӣ барои ҷавонон ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда шаванд”, илова кард раиси вилояти Хатлон.
Вай инчунин таъкид кард, ки барои рушди инфрасохтори фаъолияти соҳибкорӣ, мусоидат ба таъсиси ассосиатсияҳои соҳибкорӣ ва соҳавӣ муҳим мебошад
Лентаи хабарҳо
0