Си Ҷинпин вориди Маскав шуд

© Sputnik / Ilya Pitalev / Гузариш ба медиабонкПредседатель КНР Си Цзиньпин, прибывший в Москву с государственным визитом, во время церемонии встречи в аэропорту
Председатель КНР Си Цзиньпин, прибывший в Москву с государственным визитом, во время церемонии встречи в аэропорту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2023
Обуна шудан
Дар рӯзи аввали сафар Си Ҷинпин ва Владимир Путин дар як хӯроки нисфирӯзии ғайрирасмӣ як ба як суҳбат мекунанд ва рӯзи дигар музокиротро оғоз мекунанд
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин бо як сафари расмӣ вориди пойтахти Русия шуд.
Сафари сиёсатмадори чинӣ се рӯз - аз 20 то 22 март идома хоҳад кард.
Ба гуфтаи котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков, дар рӯзи аввал Си Ҷинпин ва Владимир Путин дар як зиёфати ғайрирасмӣ ба ҳам гуфтугӯ мекунанд ва рӯзи дигар музокиротро оғоз мекунанд.
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Таджикистан для участия в СВМДА - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2023
Путин: Сафари Си Ҷинпин фурсатест барои дидори дӯсти дерина
Баррасии дуҷонибаи рушди ҳамкориҳои стратегии кишварҳо ва имзои як қатор санадҳо дар назар аст. Пас аз мулоқот сиёсатмадорон ба намояндагони ВАО изҳорот хоҳанд дод.
"Албатта, Украина дар дастури кор қарор хоҳад гирифт", - афзуд Песков.
Дар навбати худ вазорати хориҷаи Чин таъкид кардааст, ки музокирот бар пояи принсипҳои муқобила накардан сурат гирифта, алайҳи ҷонибҳои сеюм равона нахоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки Путин моҳи декабри соли 2022 Си Ҷинпинро ба Маскав даъват карда буд. Президент гуфт, ки ин сафар бояд "рӯйдодҳои асосии сиёсии сол дар муносибатҳои дуҷониба" гардад.
Ин сафар, ба гуфтаи Путин, ба хотири "намоиш додани қудрати равобити Русияву Чин ба тамоми ҷаҳон" тарҳрезӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0