https://sputnik.tj/20221213/olimon-rus-tojikiston-ghalladonav-lubiyogi-tahiya-1053477405.html
Олимони рус барои Тоҷикистон навъҳои махсуси ғалладонаву лубиёгиҳоро таҳия мекунанд
Олимони рус барои Тоҷикистон навъҳои махсуси ғалладонаву лубиёгиҳоро таҳия мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Ширкатҳои Русия низ барои ҳамкорӣ бо шарикони тоҷик дар тавлиди маҳсулоти гуногуни ғизоӣ ва саноатӣ изҳори омодагӣ кардаанд
2022-12-13T13:15+0500
2022-12-13T13:15+0500
2023-02-08T19:46+0500
дар тоҷикистон
ғалла
кишоварзӣ
таҳқиқот
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/18/1031953747_0:165:1920:1245_1920x0_80_0_0_aee683bb2f61db1ee035d841542407e7.jpg
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Марказҳои илмии Омск барои Хатлон навъҳои минтақавии ғалладона ва зироатҳои лубиёгиро таҳия мекунанд. Дар ин бора дар ҷараёни нахустин сафари кории губернатори вилояти Омск Александр Бурков ба Тоҷикистон маълум шуд. Пас аз мулоқот бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода тасмим гирифта шуд, ки вилояти Омск ин минтақаи Тоҷикистонро на танҳо бо ғалла, балки бо техникаи кишоварзӣ, инчунин макарон ва маҳсулоти қаннодӣ таъмин намояд. Ҳамчунин, ширкатҳои Омск омодаанд бо шарикони тоҷик дар тавлиди афшура, авокадо ва мураббо ҳамкорӣ кунанд. Корхонаҳои нассоҷии Федератсияи Русия омодагии худро барои харидории маснуоти матоъ, нах ва лавозимот дар Тоҷикистон изҳор карданд. Ғайр аз ин, вилоятҳо шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонданд, ки мувофиқи он ба Омск бо нархи арзонтар сабзавоту меваи тару тоза фиристодани он пешбинй шудааст. Ҳамчунин, дар минтақаи Русия дар масоҳати 35 гектар нахустин маркази фурӯши яклухтфурӯшии маҳсулоти меваю сабзавоти Тоҷикистон ифтитоҳ мешавад. Маркази нав ба нақша гирифтааст, ки даряк мавсим то 300 мошини боркашро қабул кунад.
https://sputnik.tj/20221213/omsk-markaz-logistik-meva-sabzavot-tojikiston-iftitoh-1053474361.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/18/1031953747_109:0:1769:1245_1920x0_80_0_0_db44d88d83f1c3abcbb353c32ff1963f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
олимон рус тоҷикистонғалладона лубиёгӣ таҳия
олимон рус тоҷикистонғалладона лубиёгӣ таҳия
Олимони рус барои Тоҷикистон навъҳои махсуси ғалладонаву лубиёгиҳоро таҳия мекунанд
13:15 13.12.2022 (Навсозишуда: 19:46 08.02.2023) Ширкатҳои Русия низ барои ҳамкорӣ бо шарикони тоҷик дар тавлиди маҳсулоти гуногуни ғизоӣ ва саноатӣ изҳори омодагӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Марказҳои илмии Омск барои Хатлон навъҳои минтақавии ғалладона ва зироатҳои лубиёгиро таҳия мекунанд.
Дар ин бора дар ҷараёни нахустин сафари кории губернатори вилояти Омск Александр Бурков ба Тоҷикистон маълум шуд.
Пас аз мулоқот бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода тасмим гирифта шуд, ки вилояти Омск ин минтақаи Тоҷикистонро на танҳо бо ғалла, балки бо техникаи кишоварзӣ, инчунин макарон ва маҳсулоти қаннодӣ таъмин намояд.
Ҳамчунин, ширкатҳои Омск омодаанд бо шарикони тоҷик дар тавлиди афшура, авокадо ва мураббо ҳамкорӣ кунанд.
Корхонаҳои нассоҷии Федератсияи Русия омодагии худро барои харидории маснуоти матоъ, нах ва лавозимот дар Тоҷикистон изҳор карданд.
Ғайр аз ин, вилоятҳо шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонданд, ки мувофиқи он ба Омск бо нархи арзонтар сабзавоту меваи тару тоза фиристодани он пешбинй шудааст.
Ҳамчунин, дар минтақаи Русия дар масоҳати 35 гектар нахустин маркази фурӯши яклухтфурӯшии маҳсулоти меваю сабзавоти Тоҷикистон ифтитоҳ мешавад.
Маркази нав ба нақша гирифтааст, ки даряк мавсим то 300 мошини боркашро қабул кунад.