https://sputnik.tj/20230214/generali-rus-kase-tojikiston-tanho-1054919530.html
Генерали рус: Касе Тоҷикистонро танҳо намегузорад
Генерали рус: Касе Тоҷикистонро танҳо намегузорад
Sputnik Тоҷикистон
Генерали баландпояи рус, сардори Ситоди муштараки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ хотиррасон кард, ки Тоҷикистон марзи ҷанубии созмон аст
2023-02-14T19:25+0500
2023-02-14T19:25+0500
2023-02-14T19:25+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
хатар
террористӣ
афғонистон
саад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102685/07/1026850755_0:2:1268:715_1920x0_80_0_0_42e9732f638e40116449a9eff36bc940.jpg
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба иғвогарӣ дар марзҳои Тоҷикистон роҳ намедиҳад, изҳор дошт раиси ситоди муштараки ин созмон, Анатолий Сидоров. Ӯ зимни нишасти матбуоӣ изҳор дошт, ки дар сурати таҳдиди воқеӣ аз Афғонистон, СААД омода аст, ки дар зарфи 12 соат посухи қатъӣ ба ҳамлагарон диҳад. "Бовар кунед, ҳеҷ кас Тоҷикистонро тарк намекунад", - таъкид намуда генерал ва афзуд, ки ин ҷумҳурӣ сарҳади ҷанубии СААД мебошад. Ба гуфтаи Сидоров, дар қаламрави Афғонистон нерӯҳои зиёде мавҷуданд, ки метавонанд ба тамомияти Тоҷикистон таҳдид кунанд, аз ҷумла террористон аз гурӯҳҳои мамнӯъ.Ба иттилои СААД, теъдоди ҷангҷӯёни ДИИШ* дар Афғонистон ба 6500 нафар расидааст, ки аксари онҳо - то 4 ҳазор нафар дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.Сидоров мегӯяд, аксари ин ҷангҷӯён дар вилоятҳои Бадахшон, Кундуз ва Тахор ҷой гирифтаанд. СААД илова намуд, чолишҳое, ки қаблан низ буданд, аз қабили хатари террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, ифротгароӣ низ ҳамоно боқӣ мондаанд. *-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
https://sputnik.tj/20230209/putin-qochoq-mavod-mukhaddir-afghoniston-afzoish-1054806661.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102685/07/1026850755_156:0:1113:718_1920x0_80_0_0_34d3d98d5216956e126726d77193d6bd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
саад, тоҷикистон, танҳо, генерал, баландпоя, таҳдид
саад, тоҷикистон, танҳо, генерал, баландпоя, таҳдид
Генерали рус: Касе Тоҷикистонро танҳо намегузорад
Генерали баландпояи рус, сардори Ситоди муштараки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ хотиррасон кард, ки Тоҷикистон марзи ҷанубии созмон аст
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба иғвогарӣ дар марзҳои Тоҷикистон роҳ намедиҳад, изҳор дошт раиси ситоди муштараки ин созмон, Анатолий Сидоров.
Ӯ зимни нишасти матбуоӣ изҳор дошт, ки дар сурати таҳдиди воқеӣ аз Афғонистон, СААД омода аст, ки дар зарфи 12 соат посухи қатъӣ ба ҳамлагарон диҳад.
"Бовар кунед, ҳеҷ кас Тоҷикистонро тарк намекунад", - таъкид намуда генерал ва афзуд, ки ин ҷумҳурӣ сарҳади ҷанубии СААД мебошад.
Ба гуфтаи Сидоров, дар қаламрави Афғонистон нерӯҳои зиёде мавҷуданд, ки метавонанд ба тамомияти Тоҷикистон таҳдид кунанд, аз ҷумла террористон аз гурӯҳҳои мамнӯъ.
Ба иттилои СААД, теъдоди ҷангҷӯёни ДИИШ* дар Афғонистон ба 6500 нафар расидааст, ки аксари онҳо - то 4 ҳазор нафар дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.
Сидоров мегӯяд, аксари ин ҷангҷӯён дар вилоятҳои Бадахшон, Кундуз ва Тахор ҷой гирифтаанд.
СААД илова намуд, чолишҳое, ки қаблан низ буданд, аз қабили хатари террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, ифротгароӣ низ ҳамоно боқӣ мондаанд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия