Раҳмон барканории прокурори ВМКБ ва оташзании мошини додситони Восеъро тавзеҳ дод

© Пресс-служба президента РТРахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото
Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2023
Обуна шудан
Додситонии кулли Тоҷикистон барканории прокурори Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро аз мақомаш таъйид карда, инро раванди корӣ хонд
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Парвиз Орифзода аз мақоми додситони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон барканор шудааст.
Ин нуктаро додситони кулли Тоҷикистон, Юсуф Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ таъйид кард.
Ба гуфтаи ӯ, барканории Парвиз Орифзода як раванди корӣ буда, ниҳоди онҳо мунтазам додситонҳоро дар шаҳру навоҳӣ барканору таъйин мекунад. Раҳмон бо таъкиди он, ки дар ин раванд чизи наве нест, аз ироаи тафсилоти бештар худдорӣ намуд.
Орифзода дар мақоми додситони ВМКБ аз соли 2018 феъолият дошта, қаблан прокурори ноҳияи Ванҷ буд.
Ҷаласаи назди раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2022
Додситони ВМКБ Парвиз Орифзода дар бораи сӯиқасд ба ҷони худ гуфт
Инчунин Юсуф Раҳмон оташ задани мошини хидматии прокурори ноҳияи Восеъро таъйиду тавзеҳ дод.
Ба гуфтаи ӯ, гуруҳи тафтишотии додситонӣ муайян кардааст, ки дар сӯзондани мошин собиқ нотариуси даст дорад.
Таъкид шуд, ки ангезаи даст задани собиқ мақомдор қассос будааст, чун маҳз бо пешниҳоди додситони ноҳия ӯ аз вазифа озод гардида будааст.
Феълан муттаҳам боздошт гардида, тафтишоти пешакӣ аз рӯи ин ҳодиса идома дорад, изҳор дошт додситони кулли Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0