Мансабро сӯистифода карданд: боздошти заминфурӯшон дар Дӯстӣ

© Sputnik Конверт с деньгами, архивное фото
Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2022
Обуна шудан
Боз ду корманди идораҳои давлатиро дар ноҳияи Дӯстӣ мақомот барои талаби маблағ баҳри додани қитъаи замин боздошт кардаанд
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод директори КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи дар ноҳияи Дӯстӣ боз дошт кардааст.
Ба иттилои манбаъ, ин мақомдор дар якҷоягӣ бо ҳаммаслакаш Д.У. мутахассиси шартномавии Кумитаи замини ноҳияи мазкур барои ба даст овардани даромад даст ба содир намуди ҷиноятӣ қаллобӣ заданд.
Гуфта мешавад, номбурдагон бо сӯиистифода аз мақоми хизматӣ бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр ва ба даст овардани маблағи муфт, барои ҷудо кардан ва ҳуҷҷатгузорӣ намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз шаҳрвандон пул мегирифтаанд.
Ин ниҳод мегӯяд, дастгиршудаҳо аз сокинон дар якчанд ҳолат 30500 сомонӣ талаб карда гирифта, ба манфиати онҳо ягон амали муайянеро иҷро накарда, ба шаҳрвандон зарари моддӣ расониданд.
Бинобар ин нисбати боздоштшудаҳо бо моддаи 247, қисми 2, бандҳои "а" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Глава Комитета по землеустройству и геодезии Ориф Ходжазода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2022
Беш аз ҳафт ҳазор қонуншикании марбути истифодаи замин тайи шаш моҳ
Ин банди Кодекси ҷиноӣ ҷарима ба андозаи 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ва ё маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 5 соли зиндон бидуни ҳуқуқи ишғоли мақомҳои муайян то 5 солро пешбинӣ кардааст. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли равон 64 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Назари худи боздоштшуда ва ҷониби ҳимояаш то кунун ироа нашудааст.
Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин боздошти корманди ин ниҳод нест.
Қаблан оҷонсӣ мутахассиси шуъбаи баруйхатгирии техникии Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ваҳдат, Варзоб ва чанде дигарро низ дастгир карда буд, ки ба порагирӣ муттаҳам мешуданд.
Лентаи хабарҳо
0