https://sputnik.tj/20230319/oghoz-furush-khudrav-jac-motors-dushanbe-1055617463.html
Оғози фурӯши худравҳои "JAC Motors" дар Душанбе
Оғози фурӯши худравҳои "JAC Motors" дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати "JAC Motors"-и Чин зиёда аз 50 сол боз ба истеҳсоли автомобил машғул буда, фаъолияти худро ҳануз соли 1964 оғоз намудааст
2023-03-19T10:20+0500
2023-03-19T10:20+0500
2023-03-19T10:20+0500
дар тоҷикистон
худрав
чин
фурӯш
истеҳсол
саноат
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/13/1055617305_0:207:3272:2048_1920x0_80_0_0_f9d28cd5f5b5809f5ee8176881340233.jpg
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе маросими расмии ифтитоҳи аввалин намоишгоҳи ширкати автомобилбарории "JAC Motors"— и Чин баргузор гардид, иттилоъ додааст шаҳрдории Душанбе.Тибқи иттилои манбаъ, намояндагии "JAC Motors" дар Тоҷикистон дар айни ҳол барои мизоҷон фурӯши 11 модели автомобилҳои тамғаи "JAC"-ро дастрас намудааст. Аз ҷумла: 3 навъ автомобили сабукрави барқӣ, 3 навъ автомобили сабукрав бо муҳаррики дарунсӯз, 2 навъ автомобили мусофирбар, 3 навъ автомобили боркаш.Таъкид шудааст, ки "JAC Motors Tajikistan" аввалин Намояндагии ширкат дар қаламрави кишвар мебошад, ки воситаҳои нақлиёти автомобилии барқиро бо кафолат ба аҳолӣ пешниҳод менамояд.Намояндагии ширкати автомобилбарории "JAC-Моторс" дар заминаи ҶДММ "Сити Сервис ЛТД", ки ба хизматрасонии техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва фурӯши онҳо махсус гардонда шудааст, ташкил шуд."JAC Motors" зиёда аз 50 сол боз ба истеҳсоли автомобил машғул буда, фаъолияти худро соли 1964 оғоз намудааст.Дар айни замон автомобилҳои ширкати мазкур ба зиёда аз 130 давлати ҷаҳон содирот мешаванд.ҶДММ "Сити Сервис ЛТД" бо мақсади таъмини саривақтии қисмҳои эҳтиётӣ ва таъмири автобусҳои шаҳри Душанбе соли 2018 таъсис дода шудааст.
https://sputnik.tj/20220830/afzoishi-voridoti-khudrav-tojikiston-1051034256.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/13/1055617305_289:0:3020:2048_1920x0_80_0_0_5dc7dec03affbf857947fb8b4d064428.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе, худрав, чин, мошин, фурӯш, истеҳсол, "jac motors"
тоҷикистон, душанбе, худрав, чин, мошин, фурӯш, истеҳсол, "jac motors"
Оғози фурӯши худравҳои "JAC Motors" дар Душанбе
Ширкати "JAC Motors"-и Чин зиёда аз 50 сол боз ба истеҳсоли автомобил машғул буда, фаъолияти худро ҳануз соли 1964 оғоз намудааст
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе маросими расмии ифтитоҳи аввалин намоишгоҳи ширкати автомобилбарории "JAC Motors"— и Чин баргузор гардид, иттилоъ додааст шаҳрдории Душанбе.
Тибқи иттилои манбаъ, намояндагии "JAC Motors" дар Тоҷикистон дар айни ҳол барои мизоҷон фурӯши 11 модели автомобилҳои тамғаи "JAC"-ро дастрас намудааст. Аз ҷумла: 3 навъ автомобили сабукрави барқӣ, 3 навъ автомобили сабукрав бо муҳаррики дарунсӯз, 2 навъ автомобили мусофирбар, 3 навъ автомобили боркаш.
Таъкид шудааст, ки "JAC Motors Tajikistan" аввалин Намояндагии ширкат дар қаламрави кишвар мебошад, ки воситаҳои нақлиёти автомобилии барқиро бо кафолат ба аҳолӣ пешниҳод менамояд.
Намояндагии ширкати автомобилбарории "JAC-Моторс" дар заминаи ҶДММ "Сити Сервис ЛТД", ки ба хизматрасонии техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва фурӯши онҳо махсус гардонда шудааст, ташкил шуд.
"JAC Motors" зиёда аз 50 сол боз ба истеҳсоли автомобил машғул буда, фаъолияти худро соли 1964 оғоз намудааст.
Дар айни замон автомобилҳои ширкати мазкур ба зиёда аз 130 давлати ҷаҳон содирот мешаванд.
ҶДММ "Сити Сервис ЛТД" бо мақсади таъмини саривақтии қисмҳои эҳтиётӣ ва таъмири автобусҳои шаҳри Душанбе соли 2018 таъсис дода шудааст.