Нигаронии вазир аз одобу муоширати ронандагону мусофирон дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр транспорта РТ Азим Иброхим
Министр транспорта РТ Азим Иброхим - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2023
Обуна шудан
Вазири нақлиёт супориш дод, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ронандаҳо бояд пурзӯр шаванд ва дарсҳои 20 соата дар ҷамъиятҳо бо ронандагон беҳтару зиёдтар гарданд
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Ахиран вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ҷаласаи корие аз одоби муоширати ронандагон ва мусофирон дар васоити нақлиёти мусофирбар изҳори нигаронӣ намуда аст.
Вазир дар ин хусус дастур дод, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ бояд пурзӯр гарданду дарсҳои 20 соата дар ҷамъиятҳо бо ронандагон беҳтару зиёдтар гузаронда шаванд.
Ҳамзамон вазир дар ин ҷаласа афзуд, ки танҳо дар якҷоягӣ ва ҳамкорӣ метавон фаъолияти густурда ва бенуқсонро роҳандозӣ намоем.
Азим Иброҳим таъкид кардааст, ки ҳадафи гузаронидани ҷаласа низ дар фазои озод як суҳбати ошкор ташкил кардан ва муайян намудани камбудиву нуқсонҳо дар фаъолияти ҳаррӯзаи мусофирбарӣ мебошад, ки садди роҳи фаъолияти пурсамар мегарданд ва роҳҳои бартараф намудани чунин мушкилотро муайян сохтан аст, на ба хотири омадану гӯш кардани маърузаву ҳисоботи оморист.
Азим Иброхим, министр транспорта Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Ислоҳ кунед, вагарна ҷазо медиҳам: нигаронии Азим Иброҳим аз ҳисоботи нодуруст
Дафтари матбуоти вазорати нақлиёт хабар додааст, ки сардори Раёсати нақлиёти рӯизаминӣ Аскар Раҷабзода дар бораи фаъолияти нақлиёти мусофирбарӣ сардори идораи тозатаъсиси КВД "Маркази рақамикунонии" соҳаи роҳу нақлиёт" Суҳроб Ёқубзода роҷеъ ба фаъолияти корхонаи мазкур ва бартарияти он ба аҳли толор маълумоти муфассал дода, ҳамагонро ба ҳамкории зич, даъват намуданд.
Дар ҳамин ҷаласа вазир бо ширкатҳои нақлиётӣ суҳбати ошкоро дар бораи мушкилоти ҷойдошта сурат гирифт ва намояндагони ширкатҳои интиқолдиҳанда ва тамоми корхонаҳое, ки бо мусофирбарӣ сару кор доранд аз мушкилоте, ки садди роҳи фаъолияташон мегарданд, изҳори назар карданд.
Лентаи хабарҳо
0