Ислоҳ кунед, вагарна ҷазо медиҳам: нигаронии Азим Иброҳим аз ҳисоботи нодуруст

© Sputnik / Амир ИсаевАзим Иброхим, министр транспорта Таджикистана
Азим Иброхим, министр транспорта Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2021
Обуна шудан
Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар як ҷаласаи ахир таъкид доштааст, ки дар сурати дар вақти муайян иҷро нагардидани супоришҳояш нисбати кормандонаш тадбирҳо меандешад
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Азим Иброҳим, вазири нақлиёти кишвар дар ҷаласаи назоратӣ аз дуруст ба роҳ мондани раванди рақамикунонии соҳаи нақлиёт изҳори нигаронӣ карда, супориш дод, ки барои тезондани кор дар ин самт бояд масъулин аз тамоми имконот истифода намоянд, хабар додааст дафтари матбуоти ин вазорат.
“Дар сурати дар вақти муайян иҷро нагардидани супориш нисбаташон тадбирҳо андешида шаванд”, - қайд кардааст вазир.
Инчуунин Азим Иброҳим аз он изҳори норозиги кардааст, ки бо сабаби нодуруст ба роҳ мондани ҳисобот саҳми Вазорати нақлиёт дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар таҳлили аниқро намеёбад.
Заместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2020
Роҳро тоза накарданд: Вазири нақлиёт як кормандашро озоду дуи дигарро танбеҳ дод
Вай афзудаст, ки айни ҳол ин нишондод 5-7 фоизро ташкил медиҳанд.
“Бояд ин нишондод ва саҳми Вазорат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба маротиб афзун гардад, зеро имкониятҳо вуҷуд доранд. Танҳо тарзи дурусти фаъолиятро тақозо дорад”, - илова кард вазири нақлиёти кишвар.
Азим Иброҳим масъулини соҳаро ҳамчунин вазифадор кардааст, ки масъалаи ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос, тақсими дурусти техника ва мошинолоти нигаҳдории роҳҳо бо дарназардошти омӯзиши шароити минтақаҳо, ба таври воқеӣ ба роҳ монда шавад.
Министр транспорта Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2020
Азми Азим Иброҳим барои рақамикунонии соҳаи нақлиёт
Гуфта шудааст, ки масъулини соҳа ҳамчунин оид ба суръатбахшии корҳо дар иншооти ҷашнӣ, ташкили кори сифатнок дар лоиҳаҳо, диққат додан ба суратҳисоби махсус дастурҳо гирифта, барои иҷрои онҳо аз тарафи вазир муҳлатҳо муайян дода шудааст.
Вазири нақлиёт пешниҳод кардааст, ки дар тартиби додан ва муайян кардани мукофотҳои соҳаи нақлиёт таҷдиди назар карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0