Дар наврӯзии Суғд пойгаи аспдавонӣ ва бузкашӣ баргузор мешавад

© Sputnik / Amir Isaev / Гузариш ба медиабонкКонная игра Бузкаши в Дангаре, Таджикистан
Конная игра Бузкаши в Дангаре, Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2023
Обуна шудан
Дар рӯзҳои Наврӯз дар яке аз манотиқи Тоҷикистон мусобиқоти ҷолиби ҷумҳуриявӣ - пойгаи аспдавонӣ ва бузкашӣ дар ҳавои кушод баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Дар вилояти Суғд ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз мусобиқаи аспдавонӣ ва бузкашӣ баргузор мешавад.
Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод.
Баргузории чорабиниҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба нақша гирифта шудааст.
Рӯзи 22 март дар ипподроми Ҷамъияти саҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъаев бозиҳои миллии аспдавонӣ ва бузкашӣ баргузор мешаванд.
Празднование Навруза в Москве на стадионе Лужники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2023
Наврӯз дар Маскав: тамошобинонро консерти 6-соатаи онлайнӣ интизор аст
Манбаъ афзуд, ки бо мақсади эҳёи суннатҳои миллӣ, афзоиши шумори дӯстдорони табиат ва рушди асппарварӣ аз ҷониби мақомот анъанавӣ мусобиқаҳои мардумӣ ташкил карда мешаванд.
Гуфта мешавад, имсол мусобиқаи аспдавонӣ ва бузкашӣ бори 25-ум баргузор мешавад.
"Чунин мусобиқаҳо ҳамчун анъанаи деринаи кишвар ба густариши намудҳои миллии варзиш дар байни сокинон, бахусус ҷавонон мусоидат мекунанд", - қайд кард хадамоти матбуотӣ.
Бузкашӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ маъмул буда, ҳамчун намуди алоҳидаи варзиш эътироф шудаст.
Дар Тоҷикистон ин навъи бозиро намуди миллӣ медонанд, ки баргузории он ҳазорҳо нафар тамошобин ва човандозро аз навоҳии гуногун ҷамъ меорад.
Лентаи хабарҳо
0