Наврӯз дар Маскав: тамошобинонро консерти 6-соатаи онлайнӣ интизор аст

© Sputnik / Стас ЭтвешПразднование Навруза в Москве на стадионе "Лужники"
Празднование Навруза в Москве на стадионе Лужники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2023
Обуна шудан
Дар пойтахти Русия барои таҷлили яке аз қадимтарин ҷашнҳои тамоми мардуми шарқ - Иди байналмилалии Наврӯз омодагӣ мегиранд
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Рӯзи 25 март дар Маскав барномаи консертӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз баргузор мешавад.
Таҷлили имсола бори дигар онлайн баргузор мешавад. Дар ин бора Виталий Сучков, сардори Раёсати сиёсати миллӣ ва равобити байниминтақавии шаҳри Маскав хабар дода гуфт, аз рӯи анъана барномаи ғании консертӣ дар назар аст.
Дар консерт ҳунармандони маъруф ва дастаҳои эҷодии аслӣ ҳунарнамоӣ мекунанж. Ба тамошобинон филмҳои таълимӣ дар бораи чӣ гуна омода кардани сумалаки суннатӣ намоиш дода мешаванд, варзишгарон дар набардҳои гуштингиру куреш қувва ва маҳорат нишон медиҳанд.
Тамошобинон инчунин имконият пайдо мекунанд, ки дар Музеи давлатии санъати халқҳои Шарқ ба тамошо раванд. Солистҳои гурӯҳҳои мусиқию хореографӣ дар навохтани асбобҳои суннатӣ ва рақсҳои миллии халқҳои ҷашни Наврӯз дарсҳои маҳорат баргузор мекунанд.
Празднование Навруза в Москве на стадионе Лужники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2023
Дар Маскав аз афзоиши рекордии шумори сокиноне, ки Наврӯзро таҷлил мекунанд, гуфтанд
Дар ин рӯз ба студия меҳмонони ҷолиб ва шахсиятҳои маъруф омада, донишу қиссаҳои ҷолиби худро дар бораи Наврӯз баён мекунанд.
Барнома барои кӯдакон баромади ҳунармандони ҷавон ва ток-шоуи "10 саволи ҷолиб" бо варзишгари маъруфро дар бар мегирад.
Пахши мустақими ҷашнро аз соати 14:00 то 20:00 дар вебсайти лоиҳа ва инчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ дидан мумкин аст.
Ёдовар мешавем, ки Наврӯз қадимтарин ҷашни тамоми мардуми шарқ буда, рамзи оғози зиндагии нав дар рӯзи баробаршавии баҳор ва ифтитоҳи соли нав аст.
Ин идро дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Туркия, Македония, Албания ва дигар кишварҳо ҷашн мегиранд. Ҳамчунин дар қаламрави Русия - дар Тотористон, Бошқирдистон, Доғистон ва дигар ҷумҳуриҳои миллӣ низ Наврӯз таҷлил мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0