https://sputnik.tj/20230318/tojikistoniyonro-dar-navruz-chi-guna-havo-intizor-ast-1055615627.html
Тоҷикистониёнро дар Наврӯз чӣ гуна ҳаво интизор аст
Тоҷикистониёнро дар Наврӯз чӣ гуна ҳаво интизор аст
Sputnik Тоҷикистон
Ҳавосанҷони тоҷик мегӯянд, сокинони ВМКБ – ро дар Наврӯз боришоти борон интизор аст. Дар вилоят хавфи фаромадани тармаю сел пешгӯӣ мешавад 18.03.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-03-18T20:30+0500
2023-03-18T20:30+0500
2023-03-18T20:30+0500
дар тоҷикистон
наврӯз
ҳаво
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0e/1055510170_0:161:3067:1886_1920x0_80_0_0_ee64ad9922c77a106c7939d5f7f4abf8.jpg
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Ҳавои наврӯзӣ дар Тоҷикистон ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имсол гарму бебориш дар назар аст, хабар медиҳад Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар.Тибқи иттилои манбаъ, аз 21 то 23 март дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, то 25 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад. Вале дар ВМКБ, аз ҷумла дар ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд.Ҳаво дар ғарби вилоят аз 3 то 14 дараҷа гарм мешавад. Дар қисмати шарқӣ шабона 12 -17 дараҷа сард ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад..Ин ниҳод мегӯяд, дар се рӯзи иди Наврӯз дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои бебориш шуда,рӯзона дар минтақаҳои мазкур аз 13 то 26 дараҷа гармӣ дар назар аст.Аммо, рӯзҳои 19-20 ва 24-25 март дар ин вилоятҳо борон ба амал омада, ҳарорат то 18 дараҷа гарм мешавад.Ҳавосанҷон мегӯянд, бо назардошти баландшавии ҳарорат дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.“19-20 март бо сабаби ба амал омадани бориш дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад”, - омадааст дар хабарнома.
https://sputnik.tj/20230318/barnoma-idona-navruz-dushanbe-vmkb-1055614722.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0e/1055510170_169:0:2898:2047_1920x0_80_0_0_ac14f86a84b8de4754c84a040c740c6f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, наврӯз, ҳаво, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, наврӯз, ҳаво, иҷтимоъ
Тоҷикистониёнро дар Наврӯз чӣ гуна ҳаво интизор аст
Ҳавосанҷони тоҷик мегӯянд, сокинони ВМКБ – ро дар Наврӯз боришоти борон интизор аст. Дар вилоят хавфи фаромадани тармаю сел пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Ҳавои наврӯзӣ дар Тоҷикистон ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имсол гарму бебориш дар назар аст, хабар медиҳад Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ, аз 21 то 23 март дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, то 25 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад. Вале дар ВМКБ, аз ҷумла дар ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд.
Ҳаво дар ғарби вилоят аз 3 то 14 дараҷа гарм мешавад. Дар қисмати шарқӣ шабона 12 -17 дараҷа сард ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад..
Ин ниҳод мегӯяд, дар се рӯзи иди Наврӯз дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои бебориш шуда,рӯзона дар минтақаҳои мазкур аз 13 то 26 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Аммо, рӯзҳои 19-20 ва 24-25 март дар ин вилоятҳо борон ба амал омада, ҳарорат то 18 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавосанҷон мегӯянд, бо назардошти баландшавии ҳарорат дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.
“19-20 март бо сабаби ба амал омадани бориш дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад”, - омадааст дар хабарнома.