https://sputnik.tj/20230318/qodirov-sarboz-ukrain-quron-suzond-mukofot-elon-kard-1055611789.html
Қодиров барои пайдо кардани сарбози украинӣ, ки Қуръонро сӯзонд мукофотпулӣ эълон кард
Қодиров барои пайдо кардани сарбози украинӣ, ки Қуръонро сӯзонд мукофотпулӣ эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари ҷумҳурии Чеченистон бовар дорад, новобаста аз он ки ин сарбоз дар куҷо пинҳон шудааст, ӯ бешак барои кори худ ҷазо мегирад 18.03.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-03-18T17:35+0500
2023-03-18T17:35+0500
2023-03-18T17:46+0500
рамазон қодиров
қуръон
сарбоз
украина
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1b/1032159514_0:96:2270:1373_1920x0_80_0_0_9967af23ae25b39a633e885eceecfb21.jpg
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Рамазон Қодиров роҳбари Чеченистон сарбози украиниро меҷӯяд, ки бо нашри як навор сафҳаи китоби Қуръонро оташ зад.Ӯ барои пайдо кардани ин сарбоз ҳатто мукофотпулии калон пешниҳод намудааст.Қаблан Қодиров дар сафҳаи худ навори оташ задани сафҳаи Қуръон аз сӯи сарбози украиниро нашр кард.Ӯ гуфт, барои ӯ муҳим нест, ки ин корро кӣ анҷом медиҳад."Шояд як кас ва ё як гурӯҳ, муҳим ин ки мукофот ба пуррагӣ ҳар лаҳза соҳибашро интизор мешавад. Туи тарсончак, ки рӯятро пинҳон кардӣ, бидон кӣ дар ҳар куҷое ки пинҳон нашавӣ, ҷазоятро ҳатман мегирӣ", - таъкид намуд Қодиров.Қаблан, сӯзондани Қуръон аз ҷониби як сиёсатмадори ростгаро зимни ҳамоиш дар пеши сафорати Туркия дар Шветсия вокунишҳои тундро дар нуқоти гуногуни ҷаҳон ба вуҷуд овард.Дар Анқара дар посух ба сӯзондани Қуръон парчами Шветсияро оташ заданд. Сокинони Туркия ин кирдорро зиддиисломӣ хонданд.Ҳамчунин, Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия аз вакилони порлумони Аврупо даъват мекунад, ки масъулони таҳқири ёдгориҳои динӣ, ба мисли сӯзондани Қуръон дар Шветсияро ошкоро маҳкум ва муҷозот кунанд.
https://sputnik.tj/20230205/rusiya-avrupo-ifrotgaroyon-quron-suzondand-jazo-dihad-1054688561.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1b/1032159514_226:0:2255:1522_1920x0_80_0_0_36f4ffc6e1a5345e74b73d7248a2e3c9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рамазон қодиров, қуръон, сарбоз, украина, иҷтимоъ
рамазон қодиров, қуръон, сарбоз, украина, иҷтимоъ
Қодиров барои пайдо кардани сарбози украинӣ, ки Қуръонро сӯзонд мукофотпулӣ эълон кард
17:35 18.03.2023 (Навсозишуда: 17:46 18.03.2023) Роҳбари ҷумҳурии Чеченистон бовар дорад, новобаста аз он ки ин сарбоз дар куҷо пинҳон шудааст, ӯ бешак барои кори худ ҷазо мегирад
ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Рамазон Қодиров роҳбари Чеченистон сарбози украиниро меҷӯяд, ки бо нашри як навор сафҳаи китоби Қуръонро оташ зад.
Ӯ барои пайдо кардани ин сарбоз ҳатто мукофотпулии калон пешниҳод намудааст.
"Барои рафъи ин ифлос 5 млн рубл мукофот эълон мекунам. Барои зинда дастгир кардани ӯ мукофот ду баробар зиёд - 10 млн рубл медиҳам", - навиштааст Қодиров дар сафҳаи худ дар шабакаи иҷтимоӣ.
Қаблан Қодиров дар сафҳаи худ
навори оташ задани сафҳаи Қуръон аз сӯи сарбози украиниро нашр кард.
Ӯ гуфт, барои ӯ муҳим нест, ки ин корро кӣ анҷом медиҳад.
"Шояд як кас ва ё як гурӯҳ, муҳим ин ки мукофот ба пуррагӣ ҳар лаҳза соҳибашро интизор мешавад. Туи тарсончак, ки рӯятро пинҳон кардӣ, бидон кӣ дар ҳар куҷое ки пинҳон нашавӣ, ҷазоятро ҳатман мегирӣ", - таъкид намуд Қодиров.
Қаблан, сӯзондани Қуръон аз ҷониби як сиёсатмадори ростгаро зимни ҳамоиш дар пеши сафорати Туркия дар Шветсия вокунишҳои тундро дар нуқоти гуногуни ҷаҳон ба вуҷуд овард.
Дар Анқара дар посух ба сӯзондани Қуръон парчами Шветсияро оташ заданд. Сокинони Туркия ин кирдорро зиддиисломӣ хонданд.
Ҳамчунин, Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия аз вакилони порлумони Аврупо даъват мекунад, ки масъулони таҳқири ёдгориҳои динӣ, ба мисли сӯзондани Қуръон дар Шветсияро ошкоро маҳкум ва муҷозот кунанд.