https://sputnik.tj/20230317/maskav-afzoishi-rekordii-shumor-sokinone-navruz-tajlil-1055582873.html
Дар Маскав аз афзоиши рекордии шумори сокиноне, ки Наврӯзро таҷлил мекунанд, гуфтанд
Дар Маскав аз афзоиши рекордии шумори сокиноне, ки Наврӯзро таҷлил мекунанд, гуфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Тайи чанд соли ахир дар пойтахти Русия таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз миёни сокинон 10 маротиба бештар нисбат ба соли 2006 шудааст 17.03.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-03-17T10:15+0500
2023-03-17T10:15+0500
2023-03-17T11:22+0500
маскав
иди наврӯз
ҷашн
фарҳанг
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/15/1033044318_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_31c114a98c2137528709e2485eb34e95.jpg
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Теъдоди ширкаткунандагони ҷашни бостонии Наврӯз дар Маскав аз соли 2006 аз 5 то 50 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст. Дар ин бора президенти Пажӯҳишгоҳи дин ва сиёсат Антон Игнатенко хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар ин ҷашн на танҳо намояндагони диаспораҳои гуногун, балки сайёҳон ва мардуми оддии маҳаллӣ низ ширкат мекунанд. Аз соли 2006 инҷониб ин ҷашн, ки байналмилалӣ шудааст, ҳамасола дар ҷойҳои гуногун: дар ВДНХ, майдони Пушкин, Лужники ҷашн гирифта мешавад. Ба таъкиди ӯ, теъдоди ҷамъиятҳо ва диаспораҳо низ се баробар афзуда, ба 24-то расидааст. Ёдовар мешавем, ки Наврӯз қадимтарин ҷашни тамоми мардуми шарқ буда, рамзи оғози зиндагии нав дар рӯзи баробаршавии баҳор ва ифтитоҳи соли нав аст. Дар Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Туркия, Македония, Албания ва дигар кишварҳо ҷашн гирифта мешавад. Инчунин дар қаламрави Русия - дар Тотористон, Бошқирдистон, Доғистон ва дигар ҷумҳуриҳои низ доир мешавад.
https://sputnik.tj/20230316/daler-nigina-sitoraho-tojikiston-navruz-maskav-tajlil-1055570707.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/15/1033044318_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_acd0c2f51ea50bd4a52b7120f1631792.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маскав сокинон наврӯз таҷлил
маскав сокинон наврӯз таҷлил
Дар Маскав аз афзоиши рекордии шумори сокиноне, ки Наврӯзро таҷлил мекунанд, гуфтанд
10:15 17.03.2023 (Навсозишуда: 11:22 17.03.2023) Тайи чанд соли ахир дар пойтахти Русия таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз миёни сокинон 10 маротиба бештар нисбат ба соли 2006 шудааст
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Теъдоди ширкаткунандагони ҷашни бостонии Наврӯз дар Маскав аз соли 2006 аз 5 то 50 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора президенти Пажӯҳишгоҳи дин ва сиёсат Антон Игнатенко хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар ин ҷашн на танҳо намояндагони диаспораҳои гуногун, балки сайёҳон ва мардуми оддии маҳаллӣ низ ширкат мекунанд.
Аз соли 2006 инҷониб ин ҷашн, ки байналмилалӣ шудааст, ҳамасола дар ҷойҳои гуногун: дар ВДНХ, майдони Пушкин, Лужники ҷашн гирифта мешавад.
"Он вақт тақрибан 5 ҳазор иштирокчӣ буданд, ҳоло шумораи тамошобинон 10 маротиба зиёд шудааст",- гуфт Игнатенко.
Ба таъкиди ӯ, теъдоди ҷамъиятҳо ва диаспораҳо низ се баробар афзуда, ба 24-то расидааст.
Ёдовар мешавем, ки Наврӯз қадимтарин ҷашни тамоми мардуми шарқ буда, рамзи оғози зиндагии нав дар рӯзи баробаршавии баҳор ва ифтитоҳи соли нав аст.
Дар Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Туркия, Македония, Албания ва дигар кишварҳо ҷашн гирифта мешавад.
Инчунин дар қаламрави Русия - дар Тотористон, Бошқирдистон, Доғистон ва дигар ҷумҳуриҳои низ доир мешавад.