https://sputnik.tj/20230318/hushdori-khf-dar-borai-khatari-laghzhishi-tarmavu-omadani-selho-1055604641.html
Ҳушдори КҲФ дар бораи хатари лағжиши тармаву омадани селҳо
Ҳушдори КҲФ дар бораи хатари лағжиши тармаву омадани селҳо
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон мегӯяд Хатари лағзиши тармаву омадани селҳо дар кишвар бартараф нашудааст
2023-03-18T09:33+0500
2023-03-18T09:33+0500
2023-03-18T09:33+0500
дар тоҷикистон
кҳф
тарма
сел
офати табиӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/16/1055106030_0:0:1800:1013_1920x0_80_0_0_e9a071f715a5cc208ce73cf2569ad97f.jpg
ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки бо сабаби боло рафтани дамои ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ хатари лағзиши тарма, омадани селҳо, ярч ва резиши санг боқӣ мондааст.КҲФ-и Тоҷикистон бори дигар аз сокинон хоҳиш кардааст, ки дар чунин рӯзҳо ба кӯҳу доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии гулу дигар рустаниҳои дорувор нараванд.Инчунин барои пешгирӣ аз вуруди сел ба хонаҳову ҳавлиҳо ва майдонҳои кишт Кумита аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки сари вақт ҷӯйборҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хошок, сангу рег тоза кунанд, то об бе монеъа ба маҷрои худ равон шавад.“Дар ин рӯзҳо аз рафтан ба минтақаҳои тармахез худдорӣ намоянд ва агар зарурати сафар пеш омад, пас хеле эҳтиёткору ҷиддӣ бошанд”,- зикр кардааст КҲФ.
https://sputnik.tj/20230307/sitoish-mirzonabot-zanon-vmkb-1055366834.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/16/1055106030_59:0:1668:1207_1920x0_80_0_0_d499b5ae3a4cd6764307b259f7f45350.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кҳф, ҳушдор, лағжиши тарма, сел, офатҳои табиӣ
тоҷикистон, кҳф, ҳушдор, лағжиши тарма, сел, офатҳои табиӣ
Ҳушдори КҲФ дар бораи хатари лағжиши тармаву омадани селҳо
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон мегӯяд Хатари лағзиши тармаву омадани селҳо дар кишвар бартараф нашудааст
ДУШАНБЕ, 18 мар – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки бо сабаби боло рафтани дамои ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ хатари лағзиши тарма, омадани селҳо, ярч ва резиши санг боқӣ мондааст.
“Рӯзҳои 19-20 марти соли 2023 бар асари боронҳо эҳтимоли болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, вуҷуд дорад”,- таъкид намудааст КҲФ.
КҲФ-и Тоҷикистон бори дигар аз сокинон хоҳиш кардааст, ки дар чунин рӯзҳо ба кӯҳу доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии гулу дигар рустаниҳои дорувор нараванд.
Инчунин барои пешгирӣ аз вуруди сел ба хонаҳову ҳавлиҳо ва майдонҳои кишт Кумита аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки сари вақт ҷӯйборҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хошок, сангу рег тоза кунанд, то об бе монеъа ба маҷрои худ равон шавад.
“Дар ин рӯзҳо аз рафтан ба минтақаҳои тармахез худдорӣ намоянд ва агар зарурати сафар пеш омад, пас хеле эҳтиёткору ҷиддӣ бошанд”,- зикр кардааст КҲФ.