https://sputnik.tj/20230307/sitoish-mirzonabot-zanon-vmkb-1055366834.html
Сипоси Мирзонабот аз занони ВМКБ барои кумак дар бартарафсозии тарма
Сипоси Мирзонабот аз занони ВМКБ барои кумак дар бартарафсозии тарма
Sputnik Тоҷикистон
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз фаъолнокии бонувон дар бартарафсозии оқибатҳои тарма тавсиф карда, онҳоро қадрдонӣ намуданд
2023-03-07T16:57+0500
2023-03-07T16:57+0500
2023-03-07T16:57+0500
вмкб
рӯзи модар
иҷтимоъ
дар тоҷикистон
кӯмак
қадрдонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/07/1055359984_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_33a57412fd32efa5ba6ed18ca78108d7.jpg
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот аз занони ВМКБ барои кумак дар бартарафсозии тарма изҳори сипос кард.Ӯ дар чорабиние бахшида ба таҷлили Рӯзи модар гуфт, бо иродаи қавии бонувон даст дод, ки оқибатҳои тармаи мудҳиш бартараф карда шавад.Ҳамчунин, раиси вилоят ба ҳамаи онҳое, ки дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзиданд ва дар рӯзҳои вазнин мавқеи устувори шаҳрвандӣ ва намунаи ибрати инсонӣ зоҳир намуданд, изҳори сипос намуд, гузориш медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.Арабистони Саудӣ ба осебдидагони тарма дар ВМКБ 1.5 млн доллар кумак мерасонадБо ишора ба бузургии модар, Мирзонабот қайд кард, ки зан ҳамчун нигаҳдорандаи нуру гармии хонадон, афрӯзандаи шуълаи меҳру муҳаббати оилавӣ ва ҳамсафари вафодори шавҳару роҳнамои шоҳроҳи зиндагии фарзандон бояд худ ба ғамхории ҳаматарафа фаро гирифта шавад.Ҳамин тавр, зумрае аз бонувони фаъол, собиқадорони меҳнат, ки дар рушду пешрафти ҷомеа саҳми муносиб доранд, бо ифтихорномаҳо, туҳфаҳои хотиравии раиси ВМКБ ва ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо занон қадр гардиданд.Ҳамчунин барои бонувони вилоят барномаи фарҳангӣ пешкаш шуд.
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/07/1055359984_91:0:1911:1365_1920x0_80_0_0_d9688128e37c185cfc8e48c0900f152d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қадрдонӣ, бонувони вмкб, 8 март
қадрдонӣ, бонувони вмкб, 8 март
Сипоси Мирзонабот аз занони ВМКБ барои кумак дар бартарафсозии тарма
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз фаъолнокии бонувон дар бартарафсозии оқибатҳои тарма тавсиф карда, онҳоро қадрдонӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот аз занони ВМКБ барои кумак дар бартарафсозии тарма изҳори сипос кард.
Ӯ дар чорабиние бахшида ба таҷлили Рӯзи модар гуфт, бо иродаи қавии бонувон даст дод, ки оқибатҳои
тармаи мудҳиш бартараф карда шавад.
"Иродаи қавии мардум, алалхусус, бонувон ва ҳамгироии сокинону мақомоти давлатӣ имконият дод, ки ба зарардидагон сари вақт кумаки ҳамаҷониба расонда шуд", таъкид кард Мирзонабот.
Ҳамчунин, раиси вилоят ба ҳамаи онҳое, ки дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзиданд ва дар рӯзҳои вазнин мавқеи устувори шаҳрвандӣ ва намунаи ибрати инсонӣ зоҳир намуданд, изҳори сипос намуд, гузориш медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.
Бо ишора ба бузургии модар, Мирзонабот қайд кард, ки зан ҳамчун нигаҳдорандаи нуру гармии хонадон, афрӯзандаи шуълаи меҳру муҳаббати оилавӣ ва ҳамсафари вафодори шавҳару роҳнамои шоҳроҳи зиндагии фарзандон бояд худ ба ғамхории ҳаматарафа фаро гирифта шавад.
Ҳамин тавр, зумрае аз бонувони фаъол, собиқадорони меҳнат, ки дар рушду пешрафти ҷомеа саҳми муносиб доранд, бо ифтихорномаҳо, туҳфаҳои хотиравии раиси ВМКБ ва ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо занон қадр гардиданд.
Ҳамчунин барои бонувони вилоят барномаи фарҳангӣ пешкаш шуд.