Тоҷикистон аз содироти барқ ​​қариб 7 миллион доллар фоида ба даст овардааст

© Sputnik / Андрей Сорокин / Гузариш ба медиабонкЛинии электропередач в мороз, архивное фото
Линии электропередач в мороз, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2023
Обуна шудан
Танҳо дар моҳи январи соли 2023 Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя - Узбекистону Афғонистон ба маблағи 4,3 миллион доллар нерӯи барқ ​​содир кардааст
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Аз аввали соли 2023 Тоҷикистон ба маблағи беш аз 6,8 миллион доллар нерӯи барқ ​​содир кардааст. Дар ин бора Оҷонсии омори кишвар хабар додааст.
Бино ба додаҳо, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 32% ё 1,6 миллион доллар бештар будааст.
Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии омор тавзеҳ дод, ки дар моҳи феврал ҳаҷми содирот 2,5 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи январ, ки содирот ба 4,3 миллион доллар расид, 42% камтар будааст.
Ба иттилои "Барқи тоҷик", ҷумҳурӣ дар бораи интиқоли барқ ​​ба Афғонистон тамоми сол шартнома ва ҳамчунин бо Узбекистон барои давраи баҳору тобистон созишнома дорад.
Лампа накаливания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2023
Лағви лимити барқ дар Суғд
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 1 феврал Холдинги давлатии энержӣ аз ҷорӣ шудани лимити нерӯи барқ ​​ба далели камбуди манобеъи об ва энержӣ хабар дода буд.
Аммо махдудиятҳо ба шаҳрҳои нисбатан калони ҷумҳурӣ таъсир нарасонданд.
Ҳамакнун маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ​​бо вуҷуди мавҷуд набудани изҳороти расмӣ қисман лағв шудааст.
Ҳамин тавр, дар шабакаҳои минтақавии Хатлону Суғд, дар Бохтару Хуҷанд маҳдудияти дарёфти рушноӣ вуҷуд надорад.
Лентаи хабарҳо
0