Лағви лимити барқ дар Суғд

© Pixabay/a_roeslerЛампа накаливания
Лампа накаливания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Сокинони Суғд дар бораи бартараф шудани мушкили барқрасонӣ ба манзилҳояшон таъкид мекунанд, вале масъулони Барқи тоҷик то ҳол расман чизе нагуфаанд
ДУШАНБЕ, 15 мар – Sputnik. Интиқоли нерӯи барқ ба манзили сокинони шимоли Тоҷикистон доимӣ гардидааст.
Аксари сокинони навоҳии Суғд мегӯянд, шурӯъ аз 8 март мушкили барқрасонӣ дар деҳоти онҳо аз байн бардошта шудааст.
Нарзулло Бахтиёров, сокини деҳаи Сӯфиорифи шаҳри Истаравшан мегӯяд, баъди интизориҳои зиёд дубора ба баҳору барқ расиданд.
"Нахуст дар рӯзи Модарон барқ хомӯш нашуд. Фикр кардем, танҳо ҳамин як рӯз аст. Як ҳафта мешавад, ки дар хонаи мо барқ доимӣ ҳаст, шукр, ки ба баҳору барқ расидем”, - афзуд сокини Истаравшан.
Сокинони деҳаҳои дигари вилоят низ дар бораи рафъ гардидани мушкили бебарқӣ зикр мекунанд.
Зариф Комилов, сокини деҳаи Ашт гуфт, чанд рӯз ба ин тараф онҳо дар маҳаллааш аз мушкили бебарқӣ азият намекашанд.
“Ҳаво ҳам гарм шуду барқ ҳам доимӣ гардид. Хушбахтона ҳоло сокинони деҳа аз банди сардиҳову торикиҳо раҳо шуданд”, таъкид кард ӯ.
Дар ҳоле сокинон аз барқрасонии бе маҳдудият ба манзилҳояшон иттилоъ медиҳанд, ки то ин вақт масъулини ширкати Барқи тоҷик дар бораи лағв гардидани лимити барқрасонӣ расман иттилоъ надодаанд.
Председатель энергохолдинга Барки точик  Мухаммадумар Асозода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2023
Раиси "Барқи тоҷик" гуфт, кай лимит бардошта мешавад
Як масъули ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан, ки барқи даҳ шаҳру навоҳии Суғд аз ҷониби ин идора танзим мешавад дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон реҷаи барқрасониро шарҳ дод.
"Ҳоло ягон мушкили барқрасонӣ нест, мардум ба таври шабонарӯзӣ бо қувваи барқ таъмин ҳастанд”, - афзуд, масъули идораи тақсимоти барқ.
Номбурда дар бораи он, ки оё лимити барқ лағв шудааст, изҳори бехабарӣ карда, зикр намуд, ки тибқи дастури роҳбарият, ҳоло дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят интиқоли барқ пурра таъмин карда шудааст.
Дар Тоҷикистон мардум ҳамеша бо омадани тирамоҳ ва хунукиҳои ғайриинтизор аз надоштани нерӯи барқ шикоят мебаранд. Мақомот набудани мушкили барқрасониро ба корҳои санҷиши техники рабт дода,муваққати будани онро ишора мекунанд.
"Лимит"-и барқ дар Тоҷикистон расман эълон шуд: шарҳи “Барқи тоҷик”
Маврид ба зикр аст, ки ахиран моҳи январи имсол ширкати “Барқи тоҷик” дар бораи ҷорӣ шудани лимити барқ дар кишвар расман эълон кард.
Лентаи хабарҳо
0