Даромади буҷа дар соли нав чиқадар аст?

Обуна шудан
Ба гуфтаи мақомот буҷаи соли 2023 имкон медиҳад, таъсири омилҳои манфиро кам карда, ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум кумак хоҳад кард
Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода гуфт, дар соли 2023 қисми даромади буҷети давлатӣ беш аз 37,1 миллиард сомонӣ, қисми хароҷот - 38,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Даромади буҷети соли оянда нисбат ба соли 2022, 12,3 фоиз ё 4,1 миллиард сомонӣ зиёд мешавад.
Дар ҳамин ҳол, банди хароҷоти буҷети давлатӣ дар соли 2023 беш аз 4,5 миллиард сомонӣ афзоиш хоҳад ёфт. Касри буҷет 0,8% нисбат ба ММД ё 1,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Парлумони Тоҷикистон буҷаи давлатиро барои соли 2023 қабул кард
Ҳамин тариқ, барои рушди соҳаи маориф 7,2 миллиард сомонӣ, барои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ 9,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки барои хидматрасонии қарзи хориҷӣ 3,4 миллиард сомонӣ ихтисос дода мешавад.
Лоиҳаи пешниҳодшуда бо мақсади татбиқи сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисодиёт таҳия гардид.
Лентаи хабарҳо
0