https://sputnik.tj/20230317/politico-gharb-ukraina-vaz-artemivsk-hayrat-1055589150.html
Politico: дар Ғарб ва Украина аз вазъи Артемивск дар ҳайратанд
Politico: дар Ғарб ва Украина аз вазъи Артемивск дар ҳайратанд
Мақомоти Украинаву Ғарб аз талоши артиши Украина барои нигоҳ доштани шаҳр ба ҳар қимат, ҳатто дар зери таҳдиди муҳосира шудан дар ҳайрат монданд
2023-03-17T14:05+0500
2023-03-17T14:05+0500
2023-03-17T14:09+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
амалиёти вижа
украина
дар ҷаҳон
донбасс
артиш
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/07/1055355720_0:20:1725:990_1920x0_80_0_0_4ad3fe729857ba4e5a8c7e4eb79a8489.jpg
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Ба мақсад мувофиқ будани тасмими Киев дар бораи нигоҳ доштани Артёмовск на танҳо дар Ғарб, балки дар Украина низ зери суол меравад. Ба навиштаи Politico, шумори талафоти сарбозони украинӣ рӯз аз рӯз афзоиш ёфта, камбуди снарядҳо шадидтар мешавад. Дар матлаб таъкид мешавад, ки нигаронӣ қаблан аз мавқеъи нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар ин шаҳр дар паси дарҳо баён шуда буд ва ҳоло он "пошида мешавад". Қаблан Politico бо такя ба манобеъи огоҳи амрикоӣ хабар дод, ки беш аз 100 000 сарбози украинӣ дар ҷараёни даргириҳо дар Украина, аз ҷумла сарбозони ботаҷриба кушта шудаанд. Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд". Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.
https://sputnik.tj/20230315/vazorat-mudofia-rusiya-kupyansk-1055533269.html
русия
украина
донбасс
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/07/1055355720_190:0:1535:1009_1920x0_80_0_0_e7a678b790c57ed682e0de7fd7d58a75.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
politico ғарб украина вазъ артемивск ҳайрат
politico ғарб украина вазъ артемивск ҳайрат
Politico: дар Ғарб ва Украина аз вазъи Артемивск дар ҳайратанд
14:05 17.03.2023 (Навсозишуда: 14:09 17.03.2023) Мақомоти Украинаву Ғарб аз талоши артиши Украина барои нигоҳ доштани шаҳр ба ҳар қимат, ҳатто дар зери таҳдиди муҳосира шудан дар ҳайрат монданд
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Ба мақсад мувофиқ будани тасмими Киев дар бораи нигоҳ доштани Артёмовск на танҳо дар Ғарб, балки дар Украина низ зери суол меравад.
Ба навиштаи Politico, шумори талафоти сарбозони украинӣ рӯз аз рӯз афзоиш ёфта, камбуди снарядҳо шадидтар мешавад.
"Шубҳаҳо дар бораи ҳикмати нигоҳ доштани шаҳри харобшудаи ҷабҳаи Бахмут афзоиш меёбанд ... аммо Владимир Зеленский таслим намешавад ва исрор мекунад, ки фармондеҳии олии ӯ якдилона зарурати идомаи дифои заифкунандаро, ки чанд муддат давом мекунад, тасдиқ мекунад", - менависад муаллифи нашрия.
Дар матлаб таъкид мешавад, ки нигаронӣ қаблан аз мавқеъи нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар ин шаҳр дар паси дарҳо баён шуда буд ва ҳоло он "пошида мешавад".
Қаблан Politico бо такя ба манобеъи огоҳи амрикоӣ хабар дод, ки беш аз 100 000 сарбози украинӣ дар ҷараёни даргириҳо дар Украина, аз ҷумла сарбозони ботаҷриба кушта шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.