Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Вазорати мудофиаи Русия аз пешравиҳо дар самти Купянск гуфт

© Sputnik / Alexey Maishev / Гузариш ба медиабонкАртиллеристы вооруженных сил РФ в южном секторе СВО
Артиллеристы вооруженных сил РФ в южном секторе СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2023
Обуна шудан
Ба иттилои вазорат, то он ҳол ши Русия тавонист як қисми минтақаи саноатӣ дар самти Купянскийро таҳти назорат бигирад
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Низомиёни рус як қисми минтақаи саноатии самти Купянскро зери назорат гирифтанд.
Дар ин бора Сергей Зибинский, раиси маркази матбуоти гурӯҳи ғарбии нерӯҳои мусаллаҳи Русия хабар дод.

"Ҷузъи шашуми артиши умуминизомӣ бо қувваи шаш гурӯҳи ҳамлавар дар охири рӯз як қисми минтақаи саноатиро ба зери назорати худ гирифта, се анборро азхуд карданд", - гуфт ӯ.

Илова бар ин, низомиёни Русия низ тавонистаанд як гурӯҳи ишғолгар ва иктишофии душманро нобуд карда, интиқоли захираҳо дар минтақаи Синковкаи вилояти Харковро халалдор кунанд.
Зенитная установка ВС РФ в южном секторе СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Нерӯҳои Русия бахше аз корхонаи "АЗОМ"-и Артемовскро таҳти назорат гирифтанд
Ба гуфтаи коршиноси низомӣ, подполковники мустаъфии ҶМЛ Андрей Марочко, вазъ дар бахши Сватов-Кременскийи фронти нерӯҳои амниятии Киев бадтар мешавад.
Вазорати дифоъ афзуд, ки ҳамарӯза нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар ин бахши ҷабҳа даҳҳо низомии худро аз даст медиҳанд.
Як рӯз пеш ҳавопаймоҳо ва тӯпчиёни гурӯҳи Ғарбӣ ба воҳидҳои Украина дар минтақаҳои Синковка ва Кисловкаи вилояти Харков зарба зада, то 75 ҷангандаи қувваҳои мусаллаҳи Украина, мошинҳои ҷангии пиёда, 3 мошин, 4 гаубитса нобуд карданд.
Лентаи хабарҳо
0