Коршинос идеяи тамдиди мӯҳлати патенти меҳнатӣ дар Русияро арзёбӣ кард - видео

Обуна шудан
Юрий Московский дар бораи идеяи осон кардани зиндагии муҳоҷирон дар Русия тавассути содда кардани раванди гирифтани патенти ва тамдиди он изҳори назар кард
Дар Русия омодаанд, ки мӯҳлати эътибори патенти меҳнатиро то 3 сол зиёд кунанд. Ҳамзамон, мӯҳлати додани ҳуҷҷат метавонад аз 10 то 5 рӯз кам карда шавад.
Раҳбари Комиссияи умури муҳоҷирати Шӯрои миллатҳои назди ҳукумати Маскав Юрий Московский, андешаи худро дар бораи ин иқдоми ба Sputnik Тоҷикистон иброз дошт.
Сиёсатмадор дар бораи навовариҳои эҳтимолӣ дар қонунгузории муҳоҷират изҳори назар кард.
"Дар сурати идеалӣ, шахс бояд пас аз гузаштани тамоми расмиёт рӯзи дигар аллакай корти ба истилоҳ пластикиро, яъне ҳуқуқи дар куҷо сабт шудани маълумот, ҳуқуқи патент ва ғайраро гирад", - гуфт ӯ.
Московский ҳамчунин аз зарурати таҷдиди қонунҳое гуфт, ки тибқи он муҳоҷирони корӣ метавонанд ихроҷ шаванд.
"Ду ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ - ихроҷ. Дар натиҷа мо маҷбур мешавем, ки пайваста он чизеро, ки "афви муҳоҷират" меноманд, иҷро кунем. Дар ин ҷо шояд комилан аз байн бурдани ин таҷриба осонтар бошад", - мегӯяд раиси комиссияи муҳоҷират.
Ҳамин тариқ, пешниҳод оид ба дараҷабандии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне "барои як ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ихроҷ ва барои дигараш танҳо ҷарима" ба миён гузошта шудаасӣ.
Маълум шуд, ки чӣ қадар муҳоҷири тоҷик дар Маскав кор мекунад
Қаблан намояндаи раисиҷумҳур дар ин умур Борис Титов ба ҳукумат пешниҳоди ислоҳи қонуни федералиро фиристода буд, ки бар асоси он мӯҳлати патент барои хориҷиён аз 12 то 36 моҳ зиёд карда мешавад.
Илова бар ин, ӯ пешниҳод кард, ки механизми барқарорсозии коргарони хориҷӣ, ки аллакай вуруд ба Федератсияи Русия ба муддати аз 3 то 5 сол манъ шудааст, ҷорӣ карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0