https://sputnik.tj/20230315/malum-muhojir-tojik-maskav-kor-1055527898.html
Маълум шуд, ки чӣ қадар муҳоҷири тоҷик дар Маскав кор мекунад
Маълум шуд, ки чӣ қадар муҳоҷири тоҷик дар Маскав кор мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Дар Маскав шумораи муҳоҷирони корӣ дар соли 2022 ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфта, бештаринашонро шаҳрвандони Узбекистон ва Тоҷикистон ҳастанд
2023-03-15T11:59+0500
2023-03-15T11:59+0500
2023-03-15T13:12+0500
дар тоҷикистон
дар русия
маскав
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/13/1039562738_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_c8134545f8535d265ed41bf849c1b262.jpg
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Шаҳрвандони тоҷик тақрибан 27,5% шумори умумии муҳоҷирон дар Маскавро ташкил медиҳанд. Тибқи маълумоти системаи автоматикунонидаи ҳисоботи таҳлилии Системаи давлатии иттилоотии бақайдгирии муҳоҷират, шумораи шаҳрвандони хориҷӣ ҳудуди 191 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди пойтахти Русия шаҳрвандони Узбекистон каме бештар ҳастанд - қариб 231 ҳазор нафар ё 33,4%. Вазорати корҳои дохилии Русия қайд кард, ки соли гузашта шумораи шаҳрвандони хориҷӣ дар Маскав 26,1% (беш аз 754 ҳазор) кам шудааст, менависад ТАСС. Аксари шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар минтақа қарор доранд, ба Русия бидуни раводид (қариб 693 ҳазор ё 91,9%) омадаанд. Аммо дар ин замина теъдоди нақзи қонуни муҳоҷират дар муқоиса бо соли 2021 тақрибан 50% афзоиш ёфтааст. Соли гузашта 106 ҷинояти ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба қайд гирифта шуда, зиёда аз 214,8 ҳазор қонуншиканӣ ошкор карда шуд, ки нисбат ба соли 2021 47,1 фоиз зиёд мебошад. Вуруди беш аз 48 000 шаҳрванди хориҷӣ ба кишвар манъ шуда, беш аз 33 000 қарори ихроҷи маъмурӣ қабул шудааст.
https://sputnik.tj/20230314/rusiya-muhlat-patent-tamdid-1055492531.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/13/1039562738_305:0:3036:2048_1920x0_80_0_0_f185cff0f7819ea86756fcf9dcd8787e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷир тоҷик маскав кор
Маълум шуд, ки чӣ қадар муҳоҷири тоҷик дар Маскав кор мекунад
11:59 15.03.2023 (Навсозишуда: 13:12 15.03.2023) Дар Маскав шумораи муҳоҷирони корӣ дар соли 2022 ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфта, бештаринашонро шаҳрвандони Узбекистон ва Тоҷикистон ҳастанд
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Шаҳрвандони тоҷик тақрибан 27,5% шумори умумии муҳоҷирон дар Маскавро ташкил медиҳанд.
Тибқи маълумоти системаи автоматикунонидаи ҳисоботи таҳлилии Системаи давлатии иттилоотии бақайдгирии муҳоҷират, шумораи шаҳрвандони хориҷӣ ҳудуди 191 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Дар ҳудуди пойтахти Русия шаҳрвандони Узбекистон каме бештар ҳастанд - қариб 231 ҳазор нафар ё 33,4%.
Вазорати корҳои дохилии Русия қайд кард, ки соли гузашта шумораи шаҳрвандони хориҷӣ дар Маскав 26,1% (беш аз 754 ҳазор) кам шудааст, менависад ТАСС.
Аксари шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар минтақа қарор доранд, ба Русия бидуни раводид (қариб 693 ҳазор ё 91,9%) омадаанд.
Аммо дар ин замина теъдоди нақзи қонуни муҳоҷират дар муқоиса бо соли 2021 тақрибан 50% афзоиш ёфтааст.
Соли гузашта 106 ҷинояти ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба қайд гирифта шуда, зиёда аз 214,8 ҳазор қонуншиканӣ ошкор карда шуд, ки нисбат ба соли 2021 47,1 фоиз зиёд мебошад.
Вуруди беш аз 48 000 шаҳрванди хориҷӣ ба кишвар манъ шуда, беш аз 33 000 қарори ихроҷи маъмурӣ қабул шудааст.