https://sputnik.tj/20230316/elon-pul-nisob-zakot-fitr-ruza-fidya-savm-tojikiston-1055557254.html
Эълони пули нисоби закоту фитри рӯза ва фидяи савм дар Тоҷикистон
Эълони пули нисоби закоту фитри рӯза ва фидяи савм дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои уламои Тоҷикистон миқдори закот дар моҳи Рамазон ва ҳамчунин миқдори фидяи савмро барои онҳое, ки тавони гирифтани рӯзаро надоранд, эълон кард
2023-03-16T11:38+0500
2023-03-16T11:38+0500
2023-03-16T11:44+0500
кумитаи дин
дин ва оин
дар тоҷикистон
моҳи рамазон
рӯзадорӣ
нисоби закот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102652/94/1026529458_0:233:3070:1960_1920x0_80_0_0_0db320ca15577781cd2a258df3411a08.jpg
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Шӯрои уламои Тоҷикистон имсол ҳадди нисоби закот (садақаи воҷиб)-ро ба маблағи 32300 ҳазор сомонӣ таъйин кардааст.Тибқӣ қарори ин ниҳод, аз ин маблағ мусалмонон 800 сомониро ҳамчун закот, ки яке аз фарзҳои ислом аст, бояд садақа диҳанд.Дар ин бора сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Афшини Муқим ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.Ба иттилои манбаъ, фитри рӯза 7 сомонӣ чун соли қабл бидуни тағйир мондааст.Маблағи фидяи савм – пардохти рӯзадории моҳи шарифи Рамазон барои онҳое, ки узри динӣ доранд (Шайх Фонӣ), инчунин беморони дармонда, барои 30 рӯз 420 сомонӣ муқаррар шудааст.Фидяи савмро афроде месупоранд, ки имконияти гирифтани рӯзаро надоранд.Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон санаи дақиқи оғози моҳи шарифро барои кулли мусалмонон муайян карданд, ки дар кишвар 23 март оғоз мешавад.Гирифтани рӯза аз рукнҳои дини мубини ислом шумурда мешавад. Мусалмонон дар ин моҳ аз хӯрдану нӯшидан аз субҳ то шом худдорӣ мекунанд, инчунин ба намоз ва хондани Қуръон вақти бештар мегузоранд.Бо фарорасии шом дар тӯли ин моҳ ҳамакнун масоҷиди кишвар серодам хоҳанд буд. Мусалмонон талош мекунанд, ҳадди ақал дар ин моҳ дар намозҳои дастаҷамъона, ки савоби бештар доранд, зиёдтар ширкат намоянд.Онҳое, ки узри шаръӣ доранд, яъне ё беморанд ё пиру бо сабабҳои дигаре рӯза дошта наметавонанд, бояд фидия савм диҳанд.Моҳи Рамазон 30 рӯзро дарбар мегирад ва пас аз анҷоми рӯзадорӣ Иди Фитр таҷлил мегардад.
https://sputnik.tj/20210119/nisob-zakot-Shroi-ulamo-1032651146.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102652/94/1026529458_220:0:2951:2048_1920x0_80_0_0_8c065c725f9cf14efc680de8778a4761.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пул нисоби закот фитри рӯза фидя савм тоҷикистон
пул нисоби закот фитри рӯза фидя савм тоҷикистон
Эълони пули нисоби закоту фитри рӯза ва фидяи савм дар Тоҷикистон
11:38 16.03.2023 (Навсозишуда: 11:44 16.03.2023) Эксклюзив
Шӯрои уламои Тоҷикистон миқдори закот дар моҳи Рамазон ва ҳамчунин миқдори фидяи савмро барои онҳое, ки тавони гирифтани рӯзаро надоранд, эълон кард
ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Шӯрои уламои Тоҷикистон имсол ҳадди нисоби закот (садақаи воҷиб)-ро ба маблағи 32300 ҳазор сомонӣ таъйин кардааст.
Тибқӣ қарори ин ниҳод, аз ин маблағ мусалмонон 800 сомониро ҳамчун закот, ки яке аз фарзҳои ислом аст, бояд садақа диҳанд.
Дар ин бора сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Афшини Муқим ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, фитри рӯза 7 сомонӣ чун соли қабл бидуни тағйир мондааст.
Маблағи фидяи савм – пардохти рӯзадории моҳи шарифи Рамазон барои онҳое, ки узри динӣ доранд (Шайх Фонӣ), инчунин беморони дармонда, барои 30 рӯз 420 сомонӣ муқаррар шудааст.
Фидяи савмро афроде месупоранд, ки имконияти гирифтани рӯзаро надоранд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон санаи дақиқи оғози моҳи шарифро барои кулли мусалмонон муайян карданд, ки дар кишвар 23 март оғоз мешавад.
Гирифтани рӯза аз рукнҳои дини мубини ислом шумурда мешавад. Мусалмонон дар ин моҳ аз хӯрдану нӯшидан аз субҳ то шом худдорӣ мекунанд, инчунин ба намоз ва хондани Қуръон вақти бештар мегузоранд.
Бо фарорасии шом дар тӯли ин моҳ ҳамакнун масоҷиди кишвар серодам хоҳанд буд. Мусалмонон талош мекунанд, ҳадди ақал дар ин моҳ дар намозҳои дастаҷамъона, ки савоби бештар доранд, зиёдтар ширкат намоянд.
Онҳое, ки узри шаръӣ доранд, яъне ё беморанд ё пиру бо сабабҳои дигаре рӯза дошта наметавонанд, бояд фидия савм диҳанд.
Моҳи Рамазон 30 рӯзро дарбар мегирад ва пас аз анҷоми рӯзадорӣ Иди Фитр таҷлил мегардад.