ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Лутфуллоҳ, як корбари сомонаи Шӯрои уламо суол кардааст, ки закотро асосан дар кадом моҳ месупоранд, ё ки дар дилхоҳ моҳ супорида мешавад.
"Адои закот аз замони ба нисоб расидани мол вобаста аст, яъне дар кадом моҳе моли шумо ба нисоб расад, аз ҳамон вақт вуҷуби закот шуруъ мешавад ва пас аз гузаштани як сол пардохти закот воҷиб мегардад. Масалан, агар дар моҳи март моли шумо ба нисоб расид, пас аз гузашти як соли қамарӣ бар шумо адои закот воҷиб мешавад", - посух додааст Шӯро.
Ин ниҳод афзудааст, ки албатта дар моҳи Рамазон адо кардани закот савоби зиёд дорад.
Соли гузашта нисоби закот 21 ҳазор сомонӣ муайян шуда буд. Ба иттилои Шӯрои уламо, закот бар шахсе фарз аст, ки дорои нисоби закот, яъне молики 21000 сомонӣ бошад. Пас аз гузаштани як сол аз вақти соҳиби нисоб шудан ба андозаи 525 сомонӣ ба фақире ё мискине ҳамчун закот мепардозад.
"Агар ин миқдор маблағро молик набошад, бар ӯ закот фарз намешавад. Шарти воҷиб шудани закот ба нисоб расидани мол аст, агар қабл аз ба нисоб расидан ҳам пардохт кунад, ҷоиз ва кори хайр аст. Додани закот ба ҷуз падару модар ва фарзанду набера ва ҳамсар ба дигар хешовандон дуруст аст, агар моли ба нисобрасида надошта бошанд", - тавзеҳ дод Шӯрои уламо.