Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Нерӯҳои Русия бахше аз корхонаи "АЗОМ"-и Артемовскро таҳти назорат гирифтанд

© Sputnik  / Гузариш ба медиабонкЗенитная установка ВС РФ в южном секторе СВО
Зенитная установка ВС РФ в южном секторе СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2023
Обуна шудан
Нерӯҳои дифои Русия биноҳои корхонаи "АЗОМ" дар Артемовскро таҳти назорат гирифтанд ва бо муваффақият ба сӯи маркази шаҳр ҳаракат доранд
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Воҳидҳои Русия яке аз биноҳои корхонаи "Востокмаш"-и корхонаи коркарди металлҳои ранга (АЗОМ)-и Артемовскро таҳти назорат гирифтанд, гуфт як манбаъ аз ҷои ҳодиса ба РИА "Новости".
"Ҳанӯз 20 декабр Зеленский дар ин ҷо низомиёни украиниро мукофот тақдим карда буд", - гуфт манбаъ.
Як рӯз пеш фармондеҳи нерӯҳои заминии Украина Александр Сирский вазъ дар Артемовскро барои нерӯҳои мусаллаҳи Украина душвор номид.
Вай қайд кард, ки артиши Русия дар чанд самт пеш рафта, ба мудофиаи Украина таҳдид карда, ба самти манотиқи марказии шаҳр ҳаракат мекунад.
Рӯзи якшанбе фармондеҳи яке аз воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина Денис Ярославский гуфт, ки Артемивск метавонад барои артиши Украина як чоҳи дигар шавад.
Вай аз задухӯрдҳо дар Дебалтсево дар соли 2015 ёдовар шуд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Донетск нирӯҳои режими Киевро иҳота карданд ва ин ҷо ба саҳнаи набардҳои шадид табдил ёфт.
Нерӯҳои Русия шаҳраки наздикии Артемовскро зери назорат гирифтанд
Корхонаи металлургияи рангаи Артёмовск (АЗОМ) — собиқ комбинати металлургияи ранга ба номи Е.И.Квиринг, соли 1954 сохта шудааст.
Ин корхона дар маркази шаҳр майдони калонро ишғол мекунад. Корхона бо назардошти муноқишаи эҳтимолии ҳастаӣ тарҳрезӣ шудааст ва дорои шабакаи коммуналии зеризаминӣ мебошад.
Артиши Русия қисмати шарқии шаҳри Артемовскро таҳти назорати худ гирифт
Артемовск дар қисми таҳти назорати Киев, дар шимоли шаҳри бузурги Горловка ҷойгир аст. Ин як маркази муҳими нақлиётӣ барои таъмини гурӯҳи нерӯҳои украинӣ дар Донбасс аст. Барои шаҳр мухорибаҳои шадид давом доранд.
Лентаи хабарҳо
0