https://sputnik.tj/20230315/turkiya-etirof-qrim-qalamrav-rusiya-noguzir-1055534164.html
Дар Туркия гуфтанд, ки эътирофи Қрим ҳамчун қаламрави Русия ногузир аст
Дар Туркия гуфтанд, ки эътирофи Қрим ҳамчун қаламрави Русия ногузир аст
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Анҷумани дӯстони Қрим дар Туркия мегӯяд, таърихан нимҷазира ба қаламравҳои Украина тааллуқ надошт ва эътирофи он ҳамчун қаламрави Русия ногузир аст
2023-03-15T16:20+0500
2023-03-15T16:20+0500
2023-03-15T16:21+0500
туркия
русия
қрим
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102889/06/1028890651_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_91c4847bff17141f9ae3fda1e1cf214c.jpg
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Эътироф кардани мақоми Қрим дар ҳайати Русия ногузир аст, зеро нимҷазира таърихан ҳеҷ гоҳ қаламрави Украина набудааст. Дар ин бора ба хабаргузории РИА Новости раиси Анҷумани дӯстони Қрим дар Туркия, раиси Федератсияи ҷамъиятҳои фарҳангии тоторҳои Қрими Туркия Унвер Сел изҳор дошт.Вай ёдовар шуд, ки қримиҳо худ тасмим гирифтанд, ки тавассути раъйпурсӣ ба Русия ҳамроҳ шаванд. "Гузашта аз ин, таърихан Қрим ҳеҷ гоҳ Украина набуд", - афзуд ӯ. Ба гуфтаи ӯ, агар ба таърих назар андозед, кишварҳои ғарбӣ алакай мансубияти Қримро ба империяи Русия эътироф кардаанд. "Туркия наметавонад Қримро, ки бо он равобити таърихӣ дорад, нодида бигирад. Дар ин рӯзҳо мо ба далели заминларза ва интихоботи қарибулвуқӯъи 14 май дар остонаи тағйироти ҷиддии сиёсӣ қарор дорем, ки боиси тағйири сиёсат дар қиболи Қрим мешавад”,- таъкид кард Сел. Вай ҳамчунин афзуд, ки сиёсати дар солҳои ахир пешгирифтаи Ғарб барои Туркия хатар дорад. Ёдовар мешавем, ки Қрим дар моҳи марти соли 2014 дар пайи як раъйпурсӣ пас аз табаддулоти Украина ба як минтақаи Русия табдил ёфт. Дар раъйпурсӣ 96,77 дарсади интихобкунандагон дар Қрим ва 95,6 дарсад дар Севастопол барои пайвастан ба Русия раъй додаанд.
https://sputnik.tj/20221217/namoyanda-qrim-mavqe-ima-nimjazira-jang-1053587979.html
туркия
русия
қрим
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102889/06/1028890651_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_ca07da8dbc5f2eebbab12618a3e10513.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
туркия эътироф қрим қаламрав русия ногузир
туркия эътироф қрим қаламрав русия ногузир
Дар Туркия гуфтанд, ки эътирофи Қрим ҳамчун қаламрави Русия ногузир аст
16:20 15.03.2023 (Навсозишуда: 16:21 15.03.2023) Раиси Анҷумани дӯстони Қрим дар Туркия мегӯяд, таърихан нимҷазира ба қаламравҳои Украина тааллуқ надошт ва эътирофи он ҳамчун қаламрави Русия ногузир аст
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Эътироф кардани мақоми Қрим дар ҳайати Русия ногузир аст, зеро нимҷазира таърихан ҳеҷ гоҳ қаламрави Украина набудааст.
Дар ин бора ба хабаргузории РИА Новости раиси Анҷумани дӯстони Қрим дар Туркия, раиси Федератсияи ҷамъиятҳои фарҳангии тоторҳои Қрими Туркия Унвер Сел изҳор дошт.
"Оқибат чунин мешавад. Дер ё зуд, аммо мешавад. Эътироф ногузир аст, зеро дар амал нигоҳ доштани вазъи феълӣ ғайриимкон аст. Ғарб мехоҳад, Қрим ба Украина интиқол дода шавад", - гуфт Сел.
Вай ёдовар шуд, ки қримиҳо худ тасмим гирифтанд, ки тавассути раъйпурсӣ ба Русия ҳамроҳ шаванд.
"Гузашта аз ин, таърихан Қрим ҳеҷ гоҳ Украина набуд", - афзуд ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, агар ба таърих назар андозед, кишварҳои ғарбӣ алакай мансубияти Қримро ба империяи Русия эътироф кардаанд.
"Туркия наметавонад Қримро, ки бо он равобити таърихӣ дорад, нодида бигирад. Дар ин рӯзҳо мо ба далели заминларза ва интихоботи қарибулвуқӯъи 14 май дар остонаи тағйироти ҷиддии сиёсӣ қарор дорем, ки боиси тағйири сиёсат дар қиболи Қрим мешавад”,- таъкид кард Сел.
Вай ҳамчунин афзуд, ки сиёсати дар солҳои ахир пешгирифтаи Ғарб барои Туркия хатар дорад.
Ёдовар мешавем, ки Қрим дар моҳи марти соли 2014 дар пайи як раъйпурсӣ пас аз табаддулоти Украина ба як минтақаи Русия табдил ёфт.
Дар раъйпурсӣ 96,77 дарсади интихобкунандагон дар Қрим ва 95,6 дарсад дар Севастопол барои пайвастан ба Русия раъй додаанд.