https://sputnik.tj/20230213/barqi-tojik-limit-bardoshta-1054867620.html
Раиси "Барқи тоҷик" гуфт, кай лимит бардошта мешавад
Раиси "Барқи тоҷик" гуфт, кай лимит бардошта мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси ширкати "Барқи тоҷик" эълон кард, ки масъалаи бардоштани маҳдудияти интиқоли барқ ба шаҳру навоҳии Тоҷикистон аз боду ҳаво вобаста аст
2023-02-13T12:45+0500
2023-02-13T12:45+0500
2023-02-13T12:46+0500
дар тоҷикистон
энергетика
барқ
лимит
об
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1f/1045353460_0:81:899:587_1920x0_80_0_0_6a52611486f8b6974536ed2e76042e9a.jpg
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Маҳудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон замоне бартараф мешавад, ки ҳаҷми об дар дарё барои тавлиди ҳаҷми нерӯи барқ, ки талаботро қонеъ кунад, боло равад. Ин нуктаро раиси ширкати "Барқи тоҷик", Муҳаммадумар Асозода, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, сатҳи истифодаи захираҳои об дар рӯзҳои сардии моҳи январ якбора афзоиш ёфта буд ва феълан зарур аст, ки он ҷуброн карда шавад. Раиси "Барқи тоҷик" афзуд, бо мурури гарм шудани ҳаво ва афзоиши ҷараёни об маҳдудият лағв мегардад. Ин дар ҳолест, ки дар моҳи январ бо дастури президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон маҳдудияти барқ бардошта шуда буд. Аммо расман ширкати “Барқи тоҷик” аз 1 феврал эълон кард, лимит дубора ҷорӣ карда мешавад. "Маҳдудиятҳо бо мақсади пешгирӣ кардани норасоии неруи барқ ва пайомадҳои манфии он ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар, ба роҳ монда шудааст", - гуфт ширкат. Соли 2022 истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон наздики 21,5 млрд кВт соатро ташкил дод, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар кишвар маҳсуб меёбад. Тавлидоти барқ дар қиёс бо соли пешӣ наздики 800 млн.кВт соат зиёд мебошад.
https://sputnik.tj/20230211/sokinon-sughd-darkhost-masraf-nerui-barq-kam-kunand-1054850652.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1f/1045353460_0:0:899:674_1920x0_80_0_0_aee096ed5de1a0236c2f895dbf8ccf7d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лимит, тоҷикистон, ширкат, барқ
лимит, тоҷикистон, ширкат, барқ
Раиси "Барқи тоҷик" гуфт, кай лимит бардошта мешавад
12:45 13.02.2023 (Навсозишуда: 12:46 13.02.2023) Раиси ширкати "Барқи тоҷик" эълон кард, ки масъалаи бардоштани маҳдудияти интиқоли барқ ба шаҳру навоҳии Тоҷикистон аз боду ҳаво вобаста аст
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Маҳудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон замоне бартараф мешавад, ки ҳаҷми об дар дарё барои тавлиди ҳаҷми нерӯи барқ, ки талаботро қонеъ кунад, боло равад.
Ин нуктаро раиси ширкати "Барқи тоҷик", Муҳаммадумар Асозода, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, сатҳи истифодаи захираҳои об дар рӯзҳои сардии моҳи январ якбора афзоиш ёфта буд ва феълан зарур аст, ки он ҷуброн карда шавад.
Раиси "Барқи тоҷик" афзуд, бо мурури гарм шудани ҳаво ва афзоиши ҷараёни об маҳдудият лағв мегардад.
Ин дар ҳолест, ки дар моҳи январ бо дастури президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон маҳдудияти барқ бардошта шуда буд.
Аммо расман ширкати “Барқи тоҷик” аз 1 феврал эълон кард, лимит дубора ҷорӣ карда мешавад.
"Маҳдудиятҳо бо мақсади пешгирӣ кардани норасоии неруи барқ ва пайомадҳои манфии он ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар, ба роҳ монда шудааст", - гуфт ширкат.
Соли 2022 истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон наздики 21,5 млрд кВт соатро ташкил дод, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар кишвар маҳсуб меёбад. Тавлидоти барқ дар қиёс бо соли пешӣ наздики 800 млн.кВт соат зиёд мебошад.