https://sputnik.tj/20230315/ruhaftoda-depressiya-amriko-sayyora-aksi-sado-1055554726.html
Рӯҳафтодагӣ ё худ депрессияи бузург дар Амрико дар тамоми сайёра акси садо хоҳад ёфт
Рӯҳафтодагӣ ё худ депрессияи бузург дар Амрико дар тамоми сайёра акси садо хоҳад ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Ҳафтаи равон барои биржаҳои ғарбӣ рӯзи сиёҳ гардид. Аввал арзиши саҳмияҳои амрикоӣ поён рафтанд ва сипас доллар беқурб шуд 15.03.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-03-15T22:06+0500
2023-03-15T22:06+0500
2023-03-16T15:04+0500
таҳлил
амрико
аврупо
сиёсат
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102728/83/1027288332_0:0:3001:1688_1920x0_80_0_0_ad3af62071f51feb00b920f91e62c997.jpg
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Виктория Никифорова. Муфлисшвшии якбораи ду бонки калонтарини Амрико дар рӯзи якшанбеи гузашта ба бозори саҳмияҳои Амрико чунин таъсир гузоштанд. Аз паи он бошад, чун дар бозии домино, дар Аврупо низ нархҳои фурӯ рехтанд. Дар ин маврид баромади Ҷо Байден, ба қавле, ба оташ равған пошид. Рӯзи душанбе пеш аз оғози савдо Ҷо Байден дар баромадаш ба амрикоиҳо муроҷиат намуда, онҳоро бовар кунонид, ки амонатҳои онҳо ба таври боваринок нигоҳ дошта мешванд ва бо онҳо ягон ҳодиса рух намедиҳад. Лекин президенти Амрико , ба маънои томаш, аз ҷавоб гурехт ва аз дар бадар рафт. Амрикоиҳо ин занги огоҳиро дуруст фаҳмиданд. Зеро бо чунин муроҷиатҳо ба монанди “аз пулҳоятон хавотирӣ накашед” - сарвари давлат маҳз дар он ҳолатҳо баромад мекунад, ки ба ана ҳамон пулҳо ягон хел таҳдид бошад. Натиҷаи баромади Байден-фурӯпошии биржа дар рӯзи душанбеи гузашта гардид, ки дар ҷараёни он бонкҳоро лозим омад ки савдои саҳмияҳоро боздоранд. Шигифтовар он нест, ки чӣ гуна дар авҷи ин иқдом бонкҳои асосии институтҳои молиявии Амрико тавонистанд ба таври таъсирбахш аз бозӣ бароянд, шигифтовараш он аст, ки чӣ гуна онҳо ин қадар дуру дароз истодагарӣ карда тавонистанд. Масалан, калонтарин бонк First Republic дар як рӯз ба анзозаи 61,8 % “фурӯ рафт”. Ҳанӯз тобистони гузашта сармоягузори беҳамто - Майкл Бюрри тавониста буд нафақат шикасти иқтисодиётро дар солҳои 2007-2008-ро пешгӯӣ намояд, балки аз он нафъ ҳам бардорад. Майкл Бюрри изҳор дошта буд, ки дар иқтисодиёт фазои бузурги холигӣ ҷой дорад ва ҳамаи саҳмияҳои худро ба тамом фурӯхт. Тамоми соли сипарӣ таҳлилгарони пухта сустшавии сартосарии иқтисодиётро пешгӯӣ намуда буданд. Акнун ҳама интизори онанд, ки минбаъд чӣ мешавад. Пӯшидашавии дигар бонкҳои амрикоӣ ва аврупоиро пешгӯӣ менамоянд. Дар баробари ин, бисёрии IT-стартапҳо(ширкатҳое, ки маҳсулоти IT истеҳсол менамоянду барои гирифтани даромади тез нигаронида шудаанд)-ро шикаст интизор аст. Ин ширкатҳое мебошанд, ки наметавонанд қарзҳои бонкии худро пардохт намоянд. Дар ин сурат даҳҳо, миллионҳо амрикоиҳо амонати худ ва пасандозҳои нафақавиашонро аз даст медиҳанд. Доналд Трамп аллакай ба ҳамватанонаш аз оғози афсурдаҳолӣ ё худ депрессияи бузург ҳушдор дод. Ҳатто агар, масалан, имрӯзу пагоҳ ҳукумати Амрико паёмадҳои шикасти биржаро бартараф карда тавонанд ҳам, ин фақат барои муддати кӯтоҳ фалокати ҳақиқиро ба таъхир мегузорад. Сабабу заминаҳои он ҳоло ҳеҷ куҷо гум нашуданд. Триллионҳо доллареро,ки дар соли 2020 қурбони иқтисодиёт намуда буданд, тоҷирон ва шахсони алоҳида мекӯшанд аққалан ба ягон ҷой маблағгузорӣ намоянд. Аз ин сабаб дар иқтисодиёт ҳубобҳо ба амал меоянд. Дар як вақт- Фонди марказии захираҳои молиявӣ фоизҳои маблағҳои ба гардиш медодаашро баланд мебардорад, ки ба муфлисшавии ширкатҳое, ки товони баргардонидани қарзҳои бонкии пештар гирифтаашонро надоранд, оварда мерасонад. Ҳодисаҳои солҳои 2005-2007 дар арафаи депрессияи бузург аз рӯи сенарияи ҳамсон рух дода буданд. Аз ҳама ҳузновараш он аст, ки амонатгузорон, ки таҷрибаи талхро доранд, ҳамаи инро дида, мекӯшанд маблағҳои худро наҷот диҳанд. Ба муфлисшавии бонки Silicon Valley Bank чӣ сабаб шуд? Муштариёни бонк, ки асосан соҳибкорон аз Водии кремниягии иёлоти Сан-Франсиско(макони миллиардерҳо) мебошанд ва якдигарро ба хубӣ мешиносанд, низ ҳамин гуна қарор қабул намуда истодаанд. Аён гашт, ки муштариёни бонки Silicon Valley Bank низ қарздоранд. Рӯзи сешанбеи гузашта муштариёни ин банк ба таври оммавӣ маблағҳои худро аз суратҳисобҳои бонкиашон гирифтанд. Ҳоло бошад амонатгузорони тамоми Амрико маблағҳои худро аз суратҳисобҳояшон гирифта истодаанд. Дар ин маврид беш аз ҳама банкҳои звенои миёна азият мекашанд. Роҳбарияти банки PacWest изҳор дошт, ки танҳо ҳафтаи гузашта муштариёнаш аз суратҳисобҳояшон 700 миллион доллар гирифтанд. Ҳоло боварнокарданӣ менамояд, ки он абарқудрат, ба монанди иқтисодиёти Амрико, метавонад фурӯ равад. Лекин, замоне шикасти Иттиҳоди шӯравӣ низ боварнокарданӣ буд. Воқеан, агар дурусттар нигоҳ кунем, мебинем, ки замоне иқтисоди Амрико, ки дар сафи аввал буд, ҳоло то гулӯ ба қарз ғӯтидааст. Зиёда аз 31 триллион доллар – ин қарзи давлатии ИМА, ки дар бист соли охир ба андозаи шаш маротиба афзудааст. Қариб 17 триллион доллар - чунин аст ҳаҷми қарзи хоҷагидорон. Қариб триллион доллар - ин ҳаҷми қарзи шаҳрвандон аз рӯи кортҳои кредитӣ. Ин рақамҳои ҳангуфт худ далели беқурбшавии доллар мебошанд.Беҳуда рӯзи душанбеи ҳафтаи равон доллар нисбати арзҳои дигари хориҷӣ хело беқурб нашудааст. Ин ҳама кирои хурсандӣ ҳам нест. Зеро афсурдаҳолӣ ё худ депрессияи нави бузурги Амрико акси садои худро дар тамоми гӯшаҳои сайёра хоҳад дошт. Дар навбати аввал он иқтисодиёти Аврупоро ба варта мекашад. Рукуди сартосарии иқтисодиёт ба арзоншавии нафт оварда мерасонад, ки зарбае барои кишварҳои истеҳсолкунандаи захираҳои табиӣ хоҳад буд. Содироти асосии Амрико беқурбшавӣ хоҳад буд ва одамон бо болоравии нарх дар тамоми ҷаҳон рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Ягона коре, ки дар ин ҳолат бояд дигар кишварҳо ба анҷом расонанд ин -ибрат аз Русия гирифта, ҳарчӣ зудтар аз киштии ноқисулақлон, ки иқтисоди Ғарб ба он табдил ёфтааст, берун ҷаҳидан аст. Домони долларро раҳо намуда, иқтисоди содиротивазкунандаи худро ривоҷ диҳанд, иттифоқҳои дигари иқтисодиро дарёфт намоянд, вобастагии худро аз институтҳои молиявии Ғарб камтар намоянд. Гап фақат дар сари хатари иқтисодӣ нест. Аз бӯҳрони аввали иқтисодӣ амрикоиҳо танҳо баъди он баромада тавонистанд, ки ҷангро дар Аврупо маблағгузорӣ намуданд.Миллионҳо қурбониёни кишварҳои Аврупо-чунин аст арзиши он, ки миллионҳо амрикоиҳо соҳиби бӯстонсаро, автомобил, яхдону телевизор гарданд, насли “беби-бумер”-ро(хурӯши таваллуд)ба дунё оранд.Дигар роҳи баромад аз депрессияи бузург ё афсурдаҳолии бузурги Амрико имрӯз ҳам мавҷуд нест.Ҳамаи суханон бобати саноатикунонии такрории Амрико пас аз бӯҳрони иқтисодӣ ҳоло суханони хушку холӣ боқӣ мемонанд. “Фронти шарқӣ“дар Украина бошад аллакай барои Амрико луқмаи муфт аст. Ба ин миллионҳо аврупоиҳоро илова кунед, ки хоҷагони амрикоӣ ба оташи ҷанг, ба дӯзах бо хурсандӣ партофтанианд:ин ҷо манфиати шахсӣ нест, ин фақат тиҷорат аст.
https://sputnik.tj/20230228/rusiya-tahrmoti-naft-1055217562.html
https://sputnik.tj/20230305/ima-talab-kumak-ukraina-qat-1055349304.html
https://sputnik.tj/20220715/ima-tahrim-rusiya-buhron-1050023776.html
амрико
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102728/83/1027288332_149:0:2812:1997_1920x0_80_0_0_6334ae25f3bbb1fe31874591d246f349.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таҳлил, амрико, аврупо, сиёсат , дар ҷаҳон
таҳлил, амрико, аврупо, сиёсат , дар ҷаҳон
Рӯҳафтодагӣ ё худ депрессияи бузург дар Амрико дар тамоми сайёра акси садо хоҳад ёфт
22:06 15.03.2023 (Навсозишуда: 15:04 16.03.2023) Ҳафтаи равон барои биржаҳои ғарбӣ рӯзи сиёҳ гардид. Аввал арзиши саҳмияҳои амрикоӣ поён рафтанд ва сипас доллар беқурб шуд
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Виктория Никифорова. Муфлисшвшии якбораи ду бонки калонтарини Амрико дар рӯзи якшанбеи гузашта ба бозори саҳмияҳои Амрико чунин таъсир гузоштанд. Аз паи он бошад, чун дар бозии домино, дар Аврупо низ нархҳои фурӯ рехтанд.
Дар ин маврид баромади Ҷо Байден, ба қавле, ба оташ равған пошид. Рӯзи душанбе пеш аз оғози савдо Ҷо Байден дар баромадаш ба амрикоиҳо муроҷиат намуда, онҳоро бовар кунонид, ки амонатҳои онҳо ба таври боваринок нигоҳ дошта мешванд ва бо онҳо ягон ҳодиса рух намедиҳад.
"Шумо метавонед кафолат диҳед, ки ин бесарусомонӣ минбаъд идома намеёбад?”, -бо чунин саволҳо ба ӯ дарафтоданд хабарнигорон.
Лекин президенти Амрико , ба маънои томаш, аз ҷавоб гурехт ва аз дар бадар рафт.
Амрикоиҳо ин занги огоҳиро дуруст фаҳмиданд. Зеро бо чунин муроҷиатҳо ба монанди “аз пулҳоятон хавотирӣ накашед” - сарвари давлат маҳз дар он ҳолатҳо баромад мекунад, ки ба ана ҳамон пулҳо ягон хел таҳдид бошад.
Натиҷаи баромади Байден-фурӯпошии биржа дар рӯзи душанбеи гузашта гардид, ки дар ҷараёни он бонкҳоро лозим омад ки савдои саҳмияҳоро боздоранд.
Шигифтовар он нест, ки чӣ гуна дар авҷи ин иқдом бонкҳои асосии институтҳои молиявии Амрико тавонистанд ба таври таъсирбахш аз бозӣ бароянд, шигифтовараш он аст, ки чӣ гуна онҳо ин қадар дуру дароз истодагарӣ карда тавонистанд.
Масалан, калонтарин бонк First Republic дар як рӯз ба анзозаи 61,8 % “фурӯ рафт”.
Ҳанӯз тобистони гузашта сармоягузори беҳамто - Майкл Бюрри тавониста буд нафақат шикасти иқтисодиётро дар солҳои 2007-2008-ро пешгӯӣ намояд, балки аз он нафъ ҳам бардорад.
Майкл Бюрри изҳор дошта буд, ки дар иқтисодиёт фазои бузурги холигӣ ҷой дорад ва ҳамаи саҳмияҳои худро ба тамом фурӯхт. Тамоми соли сипарӣ таҳлилгарони пухта сустшавии сартосарии иқтисодиётро пешгӯӣ намуда буданд. Акнун ҳама интизори онанд, ки минбаъд чӣ мешавад.
Пӯшидашавии дигар бонкҳои амрикоӣ ва аврупоиро пешгӯӣ менамоянд. Дар баробари ин, бисёрии IT-стартапҳо(ширкатҳое, ки маҳсулоти IT истеҳсол менамоянду барои гирифтани даромади тез нигаронида шудаанд)-ро шикаст интизор аст. Ин ширкатҳое мебошанд, ки наметавонанд қарзҳои бонкии худро пардохт намоянд. Дар ин сурат даҳҳо, миллионҳо амрикоиҳо амонати худ ва пасандозҳои нафақавиашонро аз даст медиҳанд. Доналд
Трамп аллакай ба ҳамватанонаш аз оғози афсурдаҳолӣ ё худ депрессияи бузург ҳушдор дод. Ҳатто агар, масалан, имрӯзу пагоҳ ҳукумати Амрико паёмадҳои шикасти биржаро бартараф карда тавонанд ҳам, ин фақат барои муддати кӯтоҳ фалокати ҳақиқиро ба таъхир мегузорад. Сабабу заминаҳои он ҳоло ҳеҷ куҷо гум нашуданд.
Триллионҳо доллареро,ки дар соли 2020 қурбони иқтисодиёт намуда буданд, тоҷирон ва шахсони алоҳида мекӯшанд аққалан ба ягон ҷой маблағгузорӣ намоянд. Аз ин сабаб дар иқтисодиёт ҳубобҳо ба амал меоянд. Дар як вақт- Фонди марказии захираҳои молиявӣ фоизҳои маблағҳои ба гардиш медодаашро баланд мебардорад, ки ба муфлисшавии ширкатҳое, ки товони баргардонидани қарзҳои бонкии пештар гирифтаашонро надоранд, оварда мерасонад.
Ҳодисаҳои солҳои 2005-2007 дар арафаи депрессияи бузург аз рӯи сенарияи ҳамсон рух дода буданд. Аз ҳама ҳузновараш он аст, ки амонатгузорон, ки таҷрибаи талхро доранд, ҳамаи инро дида, мекӯшанд маблағҳои худро наҷот диҳанд.
Ба муфлисшавии бонки Silicon Valley Bank чӣ сабаб шуд? Муштариёни бонк, ки асосан соҳибкорон аз Водии кремниягии иёлоти Сан-Франсиско(макони миллиардерҳо) мебошанд ва якдигарро ба хубӣ мешиносанд, низ ҳамин гуна қарор қабул намуда истодаанд. Аён гашт, ки муштариёни бонки Silicon Valley Bank низ қарздоранд.
Рӯзи сешанбеи гузашта муштариёни ин банк ба таври оммавӣ маблағҳои худро аз суратҳисобҳои бонкиашон гирифтанд. Ҳоло бошад амонатгузорони тамоми Амрико маблағҳои худро аз суратҳисобҳояшон гирифта истодаанд. Дар ин маврид беш аз ҳама банкҳои звенои миёна азият мекашанд.
Роҳбарияти банки PacWest изҳор дошт, ки танҳо ҳафтаи гузашта муштариёнаш аз суратҳисобҳояшон 700 миллион доллар гирифтанд. Ҳоло боварнокарданӣ менамояд, ки он абарқудрат, ба монанди иқтисодиёти Амрико, метавонад фурӯ равад.
Лекин, замоне шикасти Иттиҳоди шӯравӣ низ боварнокарданӣ буд. Воқеан, агар дурусттар нигоҳ кунем, мебинем, ки замоне иқтисоди Амрико, ки дар сафи аввал буд, ҳоло то гулӯ ба қарз ғӯтидааст. Зиёда аз 31 триллион доллар – ин қарзи давлатии ИМА, ки дар бист соли охир ба андозаи шаш маротиба афзудааст. Қариб 17 триллион доллар - чунин аст ҳаҷми қарзи хоҷагидорон. Қариб триллион доллар - ин ҳаҷми қарзи шаҳрвандон аз рӯи кортҳои кредитӣ. Ин рақамҳои ҳангуфт худ далели беқурбшавии доллар мебошанд.
Беҳуда рӯзи душанбеи ҳафтаи равон доллар нисбати арзҳои дигари хориҷӣ хело беқурб нашудааст. Ин ҳама кирои хурсандӣ ҳам нест. Зеро афсурдаҳолӣ ё худ депрессияи нави бузурги Амрико акси садои худро дар тамоми гӯшаҳои сайёра хоҳад дошт. Дар навбати аввал он иқтисодиёти Аврупоро ба варта мекашад.
Рукуди сартосарии иқтисодиёт ба арзоншавии нафт оварда мерасонад, ки зарбае барои кишварҳои истеҳсолкунандаи захираҳои табиӣ хоҳад буд. Содироти асосии Амрико беқурбшавӣ хоҳад буд ва одамон бо болоравии нарх дар тамоми ҷаҳон рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.
Ягона коре, ки дар ин ҳолат бояд дигар кишварҳо ба анҷом расонанд ин -ибрат аз Русия гирифта, ҳарчӣ зудтар аз киштии ноқисулақлон, ки иқтисоди Ғарб ба он табдил ёфтааст, берун ҷаҳидан аст. Домони долларро раҳо намуда, иқтисоди содиротивазкунандаи худро ривоҷ диҳанд, иттифоқҳои дигари иқтисодиро дарёфт намоянд, вобастагии худро аз институтҳои молиявии Ғарб камтар намоянд.
Гап фақат дар сари хатари иқтисодӣ нест. Аз бӯҳрони аввали иқтисодӣ амрикоиҳо танҳо баъди он баромада тавонистанд, ки ҷангро дар Аврупо маблағгузорӣ намуданд.Миллионҳо қурбониёни кишварҳои Аврупо-чунин аст арзиши он, ки миллионҳо амрикоиҳо соҳиби бӯстонсаро, автомобил, яхдону телевизор гарданд, насли “беби-бумер”-ро(хурӯши таваллуд)ба дунё оранд.
Дигар роҳи баромад аз депрессияи бузург ё афсурдаҳолии бузурги Амрико имрӯз ҳам мавҷуд нест.Ҳамаи суханон бобати саноатикунонии такрории Амрико пас аз бӯҳрони иқтисодӣ ҳоло суханони хушку холӣ боқӣ мемонанд. “Фронти шарқӣ“дар Украина бошад аллакай барои Амрико луқмаи муфт аст. Ба ин миллионҳо аврупоиҳоро илова кунед, ки хоҷагони амрикоӣ ба оташи ҷанг, ба дӯзах бо хурсандӣ партофтанианд:ин ҷо манфиати шахсӣ нест, ин фақат тиҷорат аст.