https://sputnik.tj/20230314/rusiya-muhlat-patent-tamdid-1055492531.html
Дар Русия муҳлати патентро тамдид ва муҳоҷирони депортшударо афв карданиянд
Дар Русия муҳлати патентро тамдид ва муҳоҷирони депортшударо афв карданиянд
Sputnik Тоҷикистон
ВКД Русия омодагии худро барои ду баробар коҳиш додани муҳлати додани патент ва ҳамчунин зиёд кардани муҳлати амали ин ҳуҷҷат барои муҳоҷирон эълон кард
2023-03-14T14:29+0500
2023-03-14T14:29+0500
2023-03-14T16:16+0500
муҳоҷират
дар русия
вкд
патент
гирифтани патент
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/0d/1053486815_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_d278256cd149964d38c5bf5348fde91e.jpg
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. ВКД Русия бо пешниҳоди Борис Титов, комиссари назди президенти Русия, дар бораи тамдиди муҳлати патенти меҳнатӣ барои муҳоҷирон розӣ аст, хабар медиҳад дафтари матбуоти омбудсмени соҳибкорӣ. Муроҷиатномаро муовини вазири корҳои дохилӣ Андрей Храпов имзо кардааст. ФСБ ва Вазорати молия ба пешниҳодҳои Титов эътироз баён накардаанд. Вазорати корҳои хориҷӣ низ ҳамчунин ба имтиёзҳо розӣ аст, агар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тартиби ҷалби мутамаркази муҳоҷирон, барои ширкатҳои мушаххаси Русия ва иҷрои аксари аснод дар қаламрави кишварҳои шарикро такмил диҳанд.Аксари муҳоҷирони меҳнатӣ дар Оренбурги Русия аз Тоҷкистон ҳастандҚаблан Титов ба ҳукумат пешниҳоди ислоҳи қонуни федеролӣ фиристода буд, ки дар он маҳдудияти эътибори патент барои хориҷиён аз 12 то 36 моҳ зиёд карда мешавад. Илова бар ин пешниҳод шудааст, муҳоҷироне, ки вурудашон ба Русия ба муҳлати аз 3 то 5 сол манъ шудааст, авф карда шаванд.Ӯ қайд кард, ки баъзан барои ҷамъоварӣ ва коркарди асноди зарурӣ барои қабули он барои муҳоҷирон ҳудуди 20 рӯз лозим мешавад.Дар Русия барои хидматгузории бесифат ба муҳоҷирон ҷазо медиҳандДар натиҷа онҳо ҳар сол як моҳ аз муомилоти иқтисодӣ мебароянд.Соҳибкорон зиён мебинанд ва ба буҷет андоз аз даромад камтар ворид мешавад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/0d/1053486815_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_2e467a289af63da54d784f6c2d14c585.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
патент, русия, муҳлат, тамдид
патент, русия, муҳлат, тамдид
Дар Русия муҳлати патентро тамдид ва муҳоҷирони депортшударо афв карданиянд
14:29 14.03.2023 (Навсозишуда: 16:16 14.03.2023) ВКД Русия омодагии худро барои ду баробар коҳиш додани муҳлати додани патент ва ҳамчунин зиёд кардани муҳлати амали ин ҳуҷҷат барои муҳоҷиронро эълон кард
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. ВКД Русия бо пешниҳоди Борис Титов, комиссари назди президенти Русия, дар бораи тамдиди муҳлати патенти меҳнатӣ барои муҳоҷирон розӣ аст, хабар медиҳад дафтари матбуоти омбудсмени соҳибкорӣ.
"Вазорати корҳои дохилӣ омода аст, ки муҳлати додани патентро аз 10 то 5 рӯз кам кунад ва ҳамзамон бо риояи тамоми талаботи зарурӣ дар доираи назорати муҳоҷират муҳлати амали онро зиёд намояд", - омадааст дар ҳуҷҷат.
Муроҷиатномаро муовини вазири корҳои дохилӣ Андрей Храпов имзо кардааст. ФСБ ва Вазорати молия ба пешниҳодҳои Титов эътироз баён накардаанд.
Вазорати корҳои хориҷӣ низ ҳамчунин ба имтиёзҳо розӣ аст, агар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тартиби ҷалби мутамаркази муҳоҷирон, барои ширкатҳои мушаххаси Русия ва иҷрои аксари аснод дар қаламрави кишварҳои шарикро такмил диҳанд.
Қаблан Титов ба ҳукумат пешниҳоди ислоҳи қонуни федеролӣ фиристода буд, ки дар он маҳдудияти эътибори патент барои хориҷиён аз 12 то 36 моҳ зиёд карда мешавад.
Илова бар ин пешниҳод шудааст, муҳоҷироне, ки вурудашон ба Русия ба муҳлати аз 3 то 5 сол манъ шудааст, авф карда шаванд.
Ӯ қайд кард, ки баъзан барои ҷамъоварӣ ва коркарди асноди зарурӣ барои қабули он барои муҳоҷирон ҳудуди 20 рӯз лозим мешавад.
Дар натиҷа онҳо ҳар сол як моҳ аз муомилоти иқтисодӣ мебароянд.Соҳибкорон зиён мебинанд ва ба буҷет андоз аз даромад камтар ворид мешавад.