Тоҷикистон дар Аксияи байналмилалии "Боғи хотира" ширкат мекунад

© Sputnik / Нина ЗотинаРуководитель Всероссийского общественного движения "Волонтеры Победы" Ольга Занко
Руководитель Всероссийского общественного движения Волонтеры Победы Ольга Занко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2023
Обуна шудан
Дар доираи Аксияи "Боғи хотира" барои пос доштани хотираи куҳансарбозони ҶБВ давоми чор сол аллакай беш аз миллион дарахт шинонда шудааст
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Тоҷикистон дар Аксияи "Боғи хотира" ширкат мекунад.
Дар ин бора, роҳбари Ҷунбиши умумирусиягии ҷамъиятии "Ихтиёриёни Ғалаба" Олга Занко зимни нишасти хабарӣ гузориш дод.
"Имсол барои шинондани дарахтҳои хотира дар 89 субекти Русия ва дигар кишварҳо 30 ҳазор ихтиёрӣ ҷалб мешаванд", - гуфт ӯ.
Аксияи "Боғи хотира" дар 35 кишвари хориҷ низ баргузор мешавад. Ин аксияро аз ҷумла дар Исроил, Олмон, Тунис, Панама, Эквадор, Сербистон ва Тоҷикистон, низ роҳандозӣ мекунанд.
Ба иттилои манбаъ имсол аксия дар кишварҳои хориҷ, 18 март дар Ҳиндустон оғоз мегардад.
Даргузашти охирин куҳансарбози ҶБВ дар Исфара
Аксияи "Боғи хотира" - пайвандгари наслҳо буда, дар доираи он барои пос доштани хотири куҳансарбозони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ниҳол шинонда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0