https://sputnik.tj/20230314/barrasii-tavseai-robitaho-va-rasidan-ba-marhilahoi-navi-hamkori-miyoni-eronu-tojikiston-1055486127.html
Баррасии тавсеаи робитаҳо ва расидан ба марҳилаҳои нави ҳамкорӣ миёни Эрону Тоҷикистон
Баррасии тавсеаи робитаҳо ва расидан ба марҳилаҳои нави ҳамкорӣ миёни Эрону Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистону Эрон дар Душанбе масъалаи тавсеа додани робитаҳо ва расидан ба марҳилаҳои нави ҳамкориро баррасӣ намуданд
2023-03-14T13:10+0500
2023-03-14T13:10+0500
2023-03-14T13:10+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
равобит
вазорати меҳнат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0e/1055493426_0:165:2048:1317_1920x0_80_0_0_eb6e4a3331270392e5f04d08e93b9948.jpg
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ва муовини вазири таовун, коро ва рифоҳи иҷтимоӣ ва раиси Созмони омӯзиши техникӣ ва касбии Эрон Ғуломҳусейн Ҳусейниниё сурат гирифт.Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазортаи меҳнат, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Эрон ва тақвияти ҳамкорӣ дар ин самт, мавриди баррасӣ қарор гирифт.“Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кор, омӯзиши касбӣ ва техникӣ табодули назар намуданд”,- иттилоъ додааст манбаъ.Ҳамзамон зимни мулоқот ҷонибҳо бори дигар тасдиқ намуданд, ки имкониятҳо барои тақвияти ҳамкориҳои мутақобила зиёданд ва мақомоти марбутаи ду давлатро зарур аст, ки корҳои нақшавиро бо мақсади боз ҳам тавсеа додани робитаҳо ва расидан ба марҳилаҳои нави ҳамкорӣ амалӣ намоянд.Инчунин ҷонибҳо таъкид доштанд, ки ба омӯзиши касбҳои техникӣ фаро гирифтани аҳолӣ ба рақобатпазирии қувваи корӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар бозори меҳнати хориҷи кишвар мусоидат менамояд, ки ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар ин самт ба мақсад мувофиқ аст.Ёдовари мешавем, ки гурӯҳи кории Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Эрон таҳти роҳбарии муовини вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоӣ ва раиси Созмони омӯзиши техникӣ ва касбии Эрон Ғуломҳусейн Ҳусейниниё бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадааст ва тибқи барнома сафар то 16 март идома хоҳад ёфт.Ҳайати Эрон ҳамчунин аз якчанд марказҳои таълимиву литсейҳои омӯзишӣ ва маконҳои таърихӣ боздид хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20230314/barguzorii-komisiyai-mushtaraki-hamkorihoi-eronu-tojikiston-dar-shahri-dushanbe-1055483207.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0e/1055493426_133:0:1953:1365_1920x0_80_0_0_c82cfe624fb92818e08e253c8df52aca.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, марҳилаҳои нави ҳамкорӣ, робитаҳо, равобит, душанбе
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, марҳилаҳои нави ҳамкорӣ, робитаҳо, равобит, душанбе
Баррасии тавсеаи робитаҳо ва расидан ба марҳилаҳои нави ҳамкорӣ миёни Эрону Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистону Эрон дар Душанбе масъалаи тавсеа додани робитаҳо ва расидан ба марҳилаҳои нави ҳамкориро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ва муовини вазири таовун, коро ва рифоҳи иҷтимоӣ ва раиси Созмони омӯзиши техникӣ ва касбии Эрон Ғуломҳусейн Ҳусейниниё сурат гирифт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазортаи меҳнат, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Эрон ва тақвияти ҳамкорӣ дар ин самт, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
“Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кор, омӯзиши касбӣ ва техникӣ табодули назар намуданд”,- иттилоъ додааст манбаъ.
Ҳамзамон зимни мулоқот ҷонибҳо бори дигар тасдиқ намуданд, ки имкониятҳо барои тақвияти ҳамкориҳои мутақобила зиёданд ва мақомоти марбутаи ду давлатро зарур аст, ки корҳои нақшавиро бо мақсади боз ҳам тавсеа додани робитаҳо ва расидан ба марҳилаҳои нави ҳамкорӣ амалӣ намоянд.
Инчунин ҷонибҳо таъкид доштанд, ки ба омӯзиши касбҳои техникӣ фаро гирифтани аҳолӣ ба рақобатпазирии қувваи корӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар бозори меҳнати хориҷи кишвар мусоидат менамояд, ки ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар ин самт ба мақсад мувофиқ аст.
Ёдовари мешавем, ки гурӯҳи кории Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Эрон таҳти роҳбарии муовини вазири таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоӣ ва раиси Созмони омӯзиши техникӣ ва касбии Эрон Ғуломҳусейн Ҳусейниниё бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадааст ва тибқи барнома сафар то 16 март идома хоҳад ёфт.
Ҳайати Эрон ҳамчунин аз якчанд марказҳои таълимиву литсейҳои омӯзишӣ ва маконҳои таърихӣ боздид хоҳад кард.